КОРРУПСИЯ ОМИЛИ БОЗДОРАНДАИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 12/23/2025 - 13:55

      Дар Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баррасӣ шудааст. 
        Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 санади меъёрию ҳуқуқие қабул шудааст, ки на танҳо асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, балки кушиши кишвари мустақили моро дар роҳи мубориза бо ин омили боздорандаи рушди иқтисодӣ нишон медиҳанд. Дар ин ҳуҷҷатҳои расмӣ асосҳои сиёсати иқтисодӣ ва давлатии кишвари мо дар роҳи мубориза ва муқовиммат бо коррупсия дарҷ гардидаанд. 
       Дар Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ин омили боздорандаи рушд, ҳамчун кирдори шахсони ваколатдор ва шахсони ба он баробаркардашуда, оид ба ғайриқонунӣ (бевосита ё бавосита) ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар, тавсиф карда шудааст.  Ҳамчунин қонунгузорӣ истифодаи неъматҳои моддӣ ва ғайримодиро ба мақсади моил кардан ва мукофотонидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд низ, ҳамчун, коррупсия эътироф намудааст.  Аз нигоҳи илмҳои иқтисодӣ ба неъматҳои моддӣ пул, амвол, коғазҳои қиматнок ва дигар чизҳое дохил мешаванд, ки арзиши иқтисодӣ доранд. Неъматҳои ғайримоддӣ бошанд шакли физикӣ надоранд, вале фоида меоранд. Масалан, бахшидани қарз, пешниҳоди хизматрасонии ройгон, боло бурдани обрӯ ё рейтинги шахс. Мафҳумҳои бартарӣ ё имтиёзҳои дигар дар илмҳои иқтисодӣ, ин фароҳам овардани шароити махсус аст, ки дигарон онро надоранд, ба мисли ғолиб кунонидан дар тендер, додани иҷозатномаи махсус ё озод кардан аз санҷишҳо.
      Дар аксарияти таҳлилҳои иқтисодӣ, коррупсия ҳамчун омили боздорандаи рушди иқтисодӣ баррасӣ шудааст. Яке аз иқтисодчиёни машҳури сатҳи ҷаҳонӣ Пак Хунг Мо, ки оид ба масъалаҳои коррупсия ва рушди иқтисодӣ тадқиқот мебарад, муайян намудааст, ки афзоиши коррупсия ба андозаи 1%, рушди иқтисодиро ба андозаи 0,72% коҳиш медиҳад. 
      Мувофиқи тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ дар миқёсӣ глобалӣ талафоти солона аз коррупсия беш аз 2,6 триллион долларро ташкил медиҳад, ки тақрибан ба 5%-и ММД-и ҷаҳонӣ баробар аст. Ҳаҷми умумии ришваҳое, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ситонида мешаванд ҳамасола 1,5-2 триллион долларо ташкил медиҳанд. Коррупсия монеаи ҷиддии ташаккули «иқтисоди сабз» низ ба ҳисоб меравад. Ташкилоти Трансперенси Интернешнл (Transparency International) дар ҳисоботи соли 2025-и худ дар фасли марбут ба маблағгузории иқлим таъқид менамояд, ки то 30 фоизи маблағҳое, ки ҳамчун субсидияҳои «сабз» ҷудо мешаванд, қурбони муносибатҳои коррусионӣ мегарданд. 
      Дар сатҳи микроиқтисод коррупсия пеш аз ҳама хароҷоти трансаксионии соҳибкоронро зиёд менамояд. Дар ҷомеаҳое, ки коррупсия зиёд аст, соҳибкорон то 10 фоизи даромади худро барои пардохтҳои ғайрирасмӣ масраф менамоянд, ва ин ҳолат имкониятҳои рушди онҳоро коҳиш медиҳад. Ҳангоми нархгузорӣ низ «хароҷоти коррупсионӣ» ба арзиши молу хизматҳо илова карда мешавад, ки ин амал боиси баланд шудани нархҳо гашта метавонад. 
    Дар илмҳои иқтисодӣ таъсири коррупсияро ба иқтисодиё,т ҳамчун «механизми харобкор» шарҳ додаанд. Фаҳмиши ин гуна механизм имкон медиҳад, ки ба саволи «Чӣ гуна коррупсия ба рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад?», ҷавоби муносиб диҳем.  Дар ин механизм роҳҳои таъсиррасонии коррупсия ба рушди иқтисодӣ инҳо мебошанд:
1.    Паст шудани сатҳи сармоягузорӣ. Таҷриба нишон медиҳад, ки сармоягузорон (хусусан сармоягузорони хориҷӣ) аз бозорҳое, ки хатари баланди коррупсия доранд, бинобар номуайянӣ ва хароҷоти иловагии пинҳонӣ, канорагирӣ мекунанд. Агар мавқеи дилхоҳ кишвар дар рейтинги Индекси дарки коррупсия ҳамагӣ ба 1 зина паст шавад, пас сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба андозаи 15% кам мешаванд;
2.    Монеагузорӣ барои ҷорӣ намудани навовариҳо (инноватсия). Ҳангоме, ки коррупсия авҷ мегирад, муваффақияти тиҷорат ба робитаҳо вобаста мешавад, аз ҳамин ҷиҳат ангезаҳои рушди технология ва натиҷаҳои илмӣ аз байн рафта, манфиатхоҳии соҳибкорон дар заминаи истифодаи технологияи куҳна ва ғайристандартӣ устувортар мегардад. Ҳавасманд набудани соҳибкорон барои татбиқи технологияҳои нав ҳосилнокии меҳнат ва рушди иқтисодиро коҳиш медиҳад;
3.    Рушди иқтисоди «пинҳонӣ». Сатҳи баланди фасод соҳибкоронро маҷбур мекунад, ки дар иқтисоди сояафкан фаъолият кунанд, ки ин ба сатҳи даромади буҷети давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Мувофиқи тадқиқоти Эрик Фридман (аз донишгоҳи Колумбия) ва Фридрих Шнайдер (аз донишгоҳи Линзи Австрия) коррупсия ва иқтисодиёти «пинҳонӣ» ҳамчун «зарфҳои ба ҳамдигар пайваст» амал мекунанд. Назарияи онҳо, ки бо номи Муодилаи Фридман-Шнайдер машҳур мебошад ва нишон медиҳад, ки ҳангоми ҷой доштани коррупсия ва авҷ гирифтани он соҳибкор се роҳ дорад: 1) ришва додан; 2) ба фаъолияти «пинҳонӣ» ё «соягӣ» машғул шудан; 3) аз фаъолияти соҳибкорӣ даст кашидан. 
      Дар банди 123-уми Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 нишон дода шудааст, ки яке аз роҳҳои муосири муқовимат бо коррупсия, ин ба роҳ мондани ҳукумати электронӣ мебошад. Ба ақидаи мо низ рақамикунонии хизмати давлатӣ ва дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ беҳтарин роҳи муосири мубориза бо коррупсия буда, имкониятҳои ҷой доштани муносибатҳои коррупсиониро маҳдудтар менамояд.  Таҷрибаи як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон дод, ки дар се-чор соли охир рақамикунонии тамоси мансабдор бо шаҳрвандон ҳаҷми иқтисоди «пинҳонӣ»-ро ба андозаи 7-10% коҳиш додааст. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки рақамикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ на танҳо ҷараёнҳои кориро суръат мебахшад, балки имкониятҳои суиистифода аз мансабу имкониятҳоро барои «дустдорони коррупсия» аз байн мебарад. Хусусан, рақамикунонии хизматҳои давлатӣ имконияти гирифтани ришваро маҳдуд намуда, пайгирӣ намудани ҳама гуна амалиётҳоро ҳангоми хариди давлатӣ имконпазир менамояд. 
     Ба назари ман муҳимтарин роҳи мубориза бо коррупсия дар замимаи рақамикунонии иқтисодиёт, ин фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузариш ба низоми пардохти ғайринақдӣ” аз 22-юми июни соли 2023 мебошад. Таҳлили маълумоти омории Бонки миллӣ нишон медиҳад, ки дар нимаи соли 2025 ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51% афзоиш ёфта, беш аз 2 миллиард долларро ташкил додааст.  Дар ҷумҳурӣ 12300 POS-терминал ва беш аз 25,300 QR-кодҳо насб карда шудаанду шумораи кортҳои бонкӣ ба 9,1 миллион ва ҳамёнҳои электронӣ ба 17,7 миллион расидааст.  Чунин раванд ва рушди технологияҳои рақамӣ бевосита майдони «иқтисоди пинҳонӣ» ва коррупсияро то андозае танг намудааст. Аз ҳамин ҷиҳат, рушди рақамикуонунӣ хусусан гузариш ба ҳукумати электронӣ дар баробари 70 чорабинии банақшагирифташуда дар доираи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030», мубориза бо коррупсияро пурқувват намуда, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро осонтар менамояд. 

 


Ходими илмии Институти иқтисодиёт 
ва демографияи Академияи миллии 
илмҳои Тоҷикистон, н.и.и. дотсент  Қодиров Ш. 

 

Меню: