Сию як сол муқаддам дар кишвари мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳими ҳуқуқӣ барои рушди самараноки иқтисодиёт мебошад, зеро ки барои ташаккул ва инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ дар мамлакат пояи муҳим гузошт ва мегузорад. Пас аз қабул гардидани Конститутсия ва ташаккули низоми нави иқтисодӣ шароит барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт боиси такмил меёфт. Дар ҷараёни ташаккули низоми нави иқтисодӣ силсилаи қонунҳо ва санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқӣ бо дарназардошти муқаррароти марбутаи Конститутсия қабул карда шуд, ки боиси тақвияти механизмҳои танзими рушди кишвар, ҳамгироии ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон гардид.
Дар маҷмуъ, дар даҳ соли охир иқтисодиёт бо суръати баланд рушд меёфт (беш аз 7 фоизи сола, ки аз суръатҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳон беш аз 3 маротиба болотар аст). Сатҳи мазкури рушд сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, муноқишаи байни давлатҳо, таҳриму низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим таъмин гардонида шуд.
Дар ин муддат сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоиз дар соли 2015 то 20,2 фоиз дар соли 2024 коҳиш ёфт. Ҳукумати кишвар дар доираи талаботи Конститутсия пешбурди сиёсати иҷтимоии кишварро таъмин менамояд. Ҳамасола ба соҳаҳои иҷтимоӣ қариб 50 фоизи буҷети давлатӣ равона карда мешавад. Афзоиши маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад, аз ҷумла, ҳаҷми хароҷоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар даҳ соли охир аз 7,3 фоиз то ба беш аз 8,1 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ афзуд.
Барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил дар ин муддат аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бинои аксарияти мактабҳо таъмиру таҷдид гардида, дар маҷмуъ зиёда аз 192 мактаби нав бунёд ва таъсис дода шуд. Шумораи хонандагон 571,4 ҳазор афзуда, қариб ба 2,4 миллион нафар расид.
Бо назардошти ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд. Дар ин раванд таваҷҷуҳи торафт баланд ба таъмини афзалияти сифати таҳсилот ва афзоиши неруи ихтироъкорӣ барои рушди сармояи инсонӣ дар тамоми соҳаҳо дода мешавад. Омӯзиш дар асоси салоҳият ҷорӣ карда шуд, афзалият ба рушди малакаҳо дар соҳаи илм, технология, муҳандисӣ ва математика, инчунин малакаҳои рақамӣ дода мешавад.
Бо назардошти сабақҳои соли 2020 (пайваста бо Covid 19) ва тамоюлҳои муосири рушд марҳилаи аввали Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 мавриди амал, мониторинг ва арзёбӣ қарор дорад, ки чорчӯбаи заруриро барои ривоҷи таълимоти рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёна тавассути ТИК (технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ) мегузорад.
Кӯшишҳо дар самти зиёд намудани ҳиссаи мактабҳо, ки бо мақсадҳои таҳсилотӣ ба Интернет дастрасӣ доранд, равона мегардад. Таваҷҷуҳ ба мактабҳои деҳот доир ба ташкили омӯзиши рақамӣ бояд торафт баланд гардад.
Ҳамзамон, бо қабули Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 дар соли 2024 ба рушди раванди таъмини дастрасии баробар ба таҳсил барои ҳамаи кӯдакон дар муассисаҳои таълимии наздик ба маҳалли зист такони муҳим бахшида шуд. Муносибати фарогир ба фаъолияти таълимӣ ва таъмини таҳсилоти шахсони дорои эҳтиёҷоти махсус тақвият бояд дода шавад.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ пурзӯр гардида, нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ беҳтар мегардад. Сатҳи давомнокии интизоришавандаи умр аз 73,6 сол то 77 сол афзуд, ки инъикоскунандаи коҳиши фавт мебошад. Пешбинӣ мешавад, ки давомнокии миёнаи умр дар соли 2030 то 80 солро ташкил мекунад.
Дар ин муддат дар баробари иҷрои чорабиниҳои барномавӣ иҷрои маҷмуи стратегия ва барномаҳои соҳавӣ, ба монанди Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030, таъмин гардид.
Механизмҳои маблағгузории дохилии соҳа низ такмил ёфта истодаст:
– дар ҳамаи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ маблағгузории сарикасӣ ҷорӣ гардида, маблағгузории онҳо тибқи меъёрҳои тасдиқгардида ба роҳ монда шуд;
– маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат ба таври таҷрибавӣ зинабазина татбиқ гардид;
– ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузорӣ барои муассисаҳои давлатии кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Суғд дар асоси ҷамъоварии маблағҳо дар сатҳи вилоят татбиқ гардид;
– ҳисобҳои миллии тандурустӣ, ки ба беҳтаркунии назорати захираҳои тандурустӣ барои қабули қарорҳои дахлдори сиёсӣ мусоидат менамояд, ҷорӣ гардид.
Кӯшишҳо барои рушди низоми иттилоотии тандурустӣ барои беҳтар кардани ҷамъоварӣ, мониторинг ва таҳлили маълумот идома доранд.
Дар марҳилаи миёнамуҳлати рушди оянда таваҷҷуҳ ба тақвияти механизмҳои тиббии пешгирикунанда, вориди технологияҳои рақамӣ ва таъмини сифати муолиҷа барои афзоиши давомнокии солимии умр бояд афзун гардад.
Дар маҷмуъ, натиҷаҳои инкишофи низоми қонунгузорӣ, институтсионалӣ ва иқтисодии кишвар заминаҳои муҳимро барои рушди сармояи инсонӣ омода намуд. Вазифаи то соли 2030 ворид шудани кишвар ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ ба ҳалли самарабахши масъалаҳои бо ҳам алокаманди иқтисодӣ, демографӣ ва иҷтимоӣ такя мекунад.
Дар ин раванд, зарурати баландтар намудани саҳми муассисаҳою мақомоти таҳлилӣ – таҳқиқотӣ дар идомаи коркарди методологии диалектикаи ҳуқуқи конститутсионалӣ ва равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ баланд арзёбӣ менамоем.
Муминова Фарида Маҳмудовна (мудири шуъба, н.и.и.)




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








