Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 12 апрели соли 2024 конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ» баргузор гардид, ки дар кори он коршиносони пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Узбекистон намояндагон аз Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Институти тадқиқоти макроиқтисодӣ ва минтақавии назди Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Институти тадқиқоти байналмилалии ояндабинии назди Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия ширкат варзиданд. Ҳамзамон, рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи ҳар ду кишвар ҷиҳати инъикоси кори ҳамоиш ҳузур доштанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар кори конференсияи мазкур директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода иштирок ва дар дар мавзӯи «Таджикистан - Узбекистан: основные направления сотрудничества» маърӯза намуданд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |