ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 04/09/2024 - 13:08

    Дар доираи эълон шудани ҳафтаи илм аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илм санаи 09-уми апрели соли 2024 дар Институт семинарҳои илмӣ-назариявӣ дар мавзӯъҳои «Даромади аҳолӣ ва таъсири он ба сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ» ва «Рушди сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ» гузаронида шуданд.
    Дар оғози кори семинар ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷонакова Гулҷаҳон Абдулманоновна таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба азёбии сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ҷалб намуд. Зикр гардид, ки истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ тавъаманд, яъне миёни онҳо алоқаи тарафайн мавҷуд аст. Ин пеш аз ҳама, вобастагиии тавсифи босифати захираҳои меҳнатӣ ва шуғли пурмаҳсули аҳолӣ аз ҳавасмандгардонии молиявии корманд дар меҳнати баландистеҳсолӣ вобастагӣ дорад. Проблемаҳои баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ тавассути созмон додани сарчашмаҳои шуғли алтернативӣ, механизми дастгирии фаъолияти иқтисодии аҳолӣ ва нигоҳ доштани тарзи ҳаёти мардуми деҳот дар кишвар муҳим боқӣ мемонад. Дар натиҷаи таҳқиқотҳои гузаронидашуда самтҳои баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон дар заминаи хусусиятҳои ташаккул ва истифодаи буҷети оила дар шароити муосир, хусусиятҳои ташаккули даромади оила, сарчашмаҳои нав ва нишондиҳандаҳои ташаккули даромадҳо ва хароҷотҳои оила, нақши буҷети оила ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар асоси коэффитсиентҳои детсилинӣ муайян карда шудаанд.
   Ҳамзамон, дар семинари мазкур ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Шодиев Ҷаъфар Рузибекович оид ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ ҳамчун як бахши ояндадори иқтисоди миллӣ баромад намуданд. Қайд гардид, ки саҳми ин бахш дар ММД сол то сол меафзояд. Истифодаи оқилонаи захираҳои рекреатсионӣ дар як вакт вазифа мегузорад, ки дар ВМКБ «Боғи пиряхҳо» таъсис дода шавад, ҳамзамон рушди «сайёҳии сабз» метавонад як самти афзалиятнок ва хеле фаъоли сайёҳӣ дар Тоҷикистон гардад 
 

Меню: