ИЛМИ АКАДЕМИИ ИҚТИСОДӢ: ТАЪРИХИ ТАШКИЛ ВА ДАСТОВАРДҲО

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 04/12/2022 - 11:14

Таърихан тадқиқотҳои иқтисодии муназзам аз ҷониби олимони ватанӣ дар Тоҷикистони шуравӣ аз соли 1944-уми қарни бистум пайваста бо созмон додани Бахши тадқиқоти иқтисодӣ дар сохтори Филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС оғоз ёфта буд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ Бахши тадқиқоти иқтисодӣ доир ба муаммоҳои рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон тадқиқхои муҳимро пеш бурда, аллакай соли 1947 китоберо таҳти унвони «Таджикистан: экономико-географическое описание», ки дар он маводҳои доир ба шароитҳои физикиву географӣ, аҳолӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат  инъикос гардидаанд,  ба чоп расонида буд.
 Пас аз ташкил намудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 апрели соли 1951 бахши номбурда ба Шуъбаи иқтисодиёт табдил дода шуда, ҳамзамон, Шуро доир ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи (ШОҚИ) назди Президиуми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Ин шуъбаҳо асосан ба таҳқиқи иқтисодиёти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ва фаъолияти пурсамар дар ҷодаи тайёр намудани кадрҳо машғул буданд. 
Кормандони илмии Шуъбаи иқтисодиёт ва ШОҚИ дар ҳалли муаммоҳои илмии самараноки зироаткорӣ дар муҳити кӯҳистон, ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва пахтакорӣ, рушди соҳаҳои саноат, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, самаранокии иқтисодиёт ва ғ. саҳми бузург гузошта буданд. 
Соли 1964 мутобиқи Қарори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Доир ба самтҳои асосии таҳқиқот ва сохтори Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон” дар заминаи Шуъбаи иқтисодиёти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ҳамчун махзани ташкилии илми иқтисодии академӣ ташкил шуд.
Пайваста бо ташкили Институти иқтисодиёт нерӯи илмии олимон-иқтисодчиёни ватанӣ ба ҳалли масъалаҳои перспективии маҷмаи хоҷагии халқ, моделгирии маҷмаи ҳудудиву-истеҳсолӣ ва манбаи сармоявии рушди онҳо, қавӣ шудани алоқамандии илму истеҳсолот ва боло рафтани сатҳу сифати тайёрии кадрҳои олимон-иқтисодчиён сурат гирифт. Институти иқтисодиёт ҳамчун махзани бузурги илмӣ дар мамлакат муаррифӣ шуда, дар рушду нумӯи илму афкори иқтисоди ватанӣ такони бузурге бахшидааст. Пайваста бо ғанӣ гаштани иқтидори илмии Институти иқтисодиёт ва ШОҚИ ва сарҷамъ намудани олимони варзида ва кадрҳои баландихтисоси илмӣ таҳқиқотҳои муҳими илмӣ, ки барои ҳалли муаммоҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ равона шуда буд, рӯи кор омад. Бахусус, пажӯҳишҳо дар масоили истифодаи самараноки маблағгузориҳо, фондҳои асосии истеҳсолӣ, такмили таносуби такрористеҳсолкунии ҷамъиятӣ, рушд ва ҷойгиркуниии қувваҳои истеҳсолкунанда сифати бунёдиву амалӣ гирифта буд. Таҳқиқотҳои қаърӣ дар самти таърихи иқтисодӣ ва иқтисодиёти сиёсӣ сурат гирифта, дар он ҷабҳаҳои назариявию методологии қонуниятҳои инкишофи иқтисодиёти мамлакат ва муаммоҳои таъмини такрористеҳсолкунии васеи ҷамъиятӣ инъикос ёфта буданд. 
Аз соли 1964  ШОҚИ ва Институти иқтисодиёт дар доираи мавзӯи умумиттифоқӣ – «Асосҳои илмии ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи ИҶШС дар минтақаҳои иқтисодӣ», заминаҳои коркарди схемаи территориявии инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда гузошта шуд, ки дар натиҷаи он “Схемаи инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи РСС Тоҷикистон то соли 1980” тарҳрезӣ шуда буд. Схемаи коркардшуда аз тарафи Шурои вазирони Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ тасдиқ шуда буд, ки мувофиқи он лоиҳаҳои нақшаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ, лоиҳагирии ҷузъҳои саноатӣ, ҳамчунин объектҳои азими истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ тарҳрезӣ ва сохта шуда буданд. Дар умум чунин схемаҳо то солҳои 2010 ва 2015  коркард шуда буд, ки муҳитарини онро “Схемаи инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи муҷтамаи минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони ҷанубӣ” ва “Схемаи ташаккул ва инкишофи муҷтамаи минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони шимолӣ” ташкил менамояд. 
Тоҷикистон чун дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, охири солҳои 90-ум, соҳибихтиёрӣ ва  истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Аммо, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатӣ дар назди ҷомеа ҳамвора бо масъалаҳои ташаккул додани рукнҳои давлату давлатдории навини тоҷикон, вазифаи гарону сангинро - тарҳрезии зерсохтори нав, яъне низоми иқтисоди бозорӣ, ки ба сохтори иқтисодии умумибашарӣ ҳамранг бошад, кундаланг гузошта буд. Ҳалли ин масъалаҳо пеш аз ҳама бо фаъолияти тадқиқотии олимони Институти иқтисодиёт ва ШОҚИ алоқамандӣ дошт. Дар ин давраи мураккаби  дигаргуниҳои бозорӣ аз тарафи Институти иқтисодиёт ва ШОҚИ лоиҳаи Консепсияи худидоракунӣ ва худмаблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда  буд, ки ғояи он асосҳои илмии коркарди гузариши иқтисодиёти мамлакатро ба муносибатҳои бозорӣ ва рушди алоқаҳои иқтисодии байналмиллӣ  ташкил дода буд. 
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ соли 1993 дар заминаи   Институти иқтисодиёт - Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ (ИИҶМБ) ташкил шуд, ки он ба эҳё ва марҳилаи нави рушди Институти иқтисодиётро дар фазои соҳбистиқлоливу озодии мамлакат оғоз бахшид. Дар давраи солҳои 1993-2000 кормандони Институт равандҳои хусусигардонӣ ва ғайридавлатикунониро мавриди таҳлил қарор дода, тамсила ва механизми амалигардонии онро таҳия намуда, ба ҳукумати мамлакат ирсол карданд. Дар ин давра рушди макроиқтисодии мамлакат, сатҳи шомилгардии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ҳолати сиёсати берунаи мамлакат арзёбӣ шуда, самтҳои асосии ислоҳоти муносибатҳои иқтисодии берунаи ҷумҳурӣ нишон дода шудааст. 
Соли 2000-ум дар заминаи ИИҶМБ ва ШОҚИ аз нав Институти иқтисодиёти АИ ҶТ созмон ёфт. Бояд қайд намуд, ки дар давраи гузариш муаяйн кардани тамсилаи низоми нави иқтисодӣ, тарҳрезии пояҳо ва ё ниҳодҳои он аз илми академии иқтисодии кишвар, бахусус, кормандони Институти иқтисодиёт пажӯҳишҳову пешниҳодҳои тозаро тақозо дошт. Бояд зикр намуд, ки дар рушди илми академии иқтисодӣ Институти демографияи АИ ҶТ, ки дар заминаи Маркази омӯзиши муаммоҳои нуфуси аҳолӣ таъсис ёфта буд, саҳми назаррасе гузоштааст. Бо мақсади муаяйн намудани дурнамои рушди демографии мамлакат Институти демография бо нерӯи кормандони худ беш аз 40 пурсишҳои сотсиологиро миёни аҳолӣ гузаронида буд. Чунин пажӯҳишҳо имкон дод, ки иттилооти арзишмандро ба даст оранд, ки омори расмӣ надошт. Дар асоси гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ муаммоҳои муҳими демографии мамлакат омӯхта шуда буд: ҳолати умумии демографӣ дар мамлакат; ҳолати рафтори репродуктивии аҳолӣ; демографияи оила, нақши иқтисодии фарзандон дар оила; вазъи муҳоҷирати меҳнатии беруна ва ғ. 
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.02.2011 №33 дар заминаи Институти иқтисодиёт ва Институти демография Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИваД) таъсис дода шуд. Пажӯҳишҳо дар масъалаҳои назариявии модернизатсияи иқтисодиёти давраи гузариши Тоҷикистон ва масъалаҳои демографӣ, тавлиди аҳолӣ, дарозумрӣ, демографияи аҳолӣ, муҳоҷирати аҳолӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд. 
Аз соли 2015 ин ҷониб вобаста бо талаботи марҳилаи нави рушди иқтисодии мамлакат ва тамоилҳои ҷадиди иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар асоси талаботи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар ҶТ дар солҳои 2016-2020 ва 2021-2025” пажӯҳишҳои иқтисодии академӣ ба таҳияи Консепсияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи Схемаи рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, таҳияи макромодели иқтисодиёти хурди кушоди Тоҷикистон, таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик, таъминоти институтсионалии рушди индустриалии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои иқтисодӣ - демографии оила ва ташаккулёбии сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ равона гардиданд.
Боиси қайд мебошад, ки коркардҳои илмӣ ва пешниҳодҳои кормандони Институт дар раванди таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаҳои миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2020 ва солҳои 2021-2025, Консепсияи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи солҳои 2020-2025 ва ғайраҳо, истифода шуда, омезиши алоқамандии бевоситаи илму истеҳсолоти ҷамъиятӣ таъмин гашта истодааст.

Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло.
узви вобастаи АМИТ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор


 

Тоҷикӣ

Меню: