ИЛҲОМ АЗ ПАЁМ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 12/20/2025 - 09:06

НИШОНДИҲАНДАҲОИ ДЕМОГРАФӢ БЕҲТАР МЕШАВАНД

(Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16 декабри соли 2025)
   Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ балки вазъи демографиро низ тавассути ду нишондиҳандаи муҳим: афзоиши мутлақи аҳолӣ ва дарозии эҳтимолии умр дар вақти таваллуд ҳангоми таваллуд. Пешвои миллат дар Паёми имсола қайд намуданд, ки «Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид».  Дар илми демография дарозумрии аҳолӣ бештари мавридҳо тавассути нишондиҳандаи дарозии эҳтимолии умр дар вақти таваллуд андоза карда мешавад ва яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дарозии эҳтимолии умри аҳолиро инъикос менамояд.  Агар бузургии ин нишондиҳанда айни ҳол ба 77 сол баробар бошад, ин маънои онро дорад, ки кӯдаки дар соли 2025 таваллудшуда, ба ҳисоби миёна, 77 сол умр мебинад. Бузургии аз ҳама бештари ин нишондиҳанда 86 солро ташкил медиҳад, ки хоси кишвари Сан-Марино мебошад. Ин нишондиҳанда дар Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ба 85 сол ва дар Фаронса, Австралия ва Шведсария ба 84 сол баробар аст. Дар аксарияти кишварҳои африқоӣ ин нишондиҳанда аз 60 сол пасттар мебошад. 
    Таҳлили динамикаи нишондиҳандаи дарозии эҳтимолии умр дар вақти таваллуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар 25 соли охир ин нишондиҳанда 8,8 сол зиёд шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2004 дар таъмини дарозумрии аҳолӣ ба дараҷаи соли 1991 расида буд ва айни ҳол ба аз расми 1 маълум мегардад, ки нишондиҳандаи дарозии эҳтимолии умр дар вақти таваллуд ҳамасола майли афзоиш дорад. Аз лиҳози мантиқи иқтисодӣ, афзоиш дар динамикаи нишондиҳандаи мазкур беҳтар шудани сифати зиндагии аҳолӣ, рушди табии шумораи умумии аҳолӣ, беҳбудиҳо дар низоми тандурустӣ ва сиҳатии омма, инчунин, самаранокии сиёсати иҷтимоии ҳукуматро инъикос менамояд. 
Расми 1
Динамикаи нишондиҳандаи дарозии эҳтимолии умр дар вақти таваллуд дар давраи солҳои 1991-2025 
 

  *Эзоҳ: диаграмма дар асоси маълумоти Агентии омори назди Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
    Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, ки нишондиҳандаи дарозии эҳтимолии умр дар вақти таваллуд  то соли 2030 ба 77,8 сол бояд расонида шавад. 
    Афзоиши давомнокии умр ё нишондиҳандаҳои дарозумрӣ раванди хело мураккаби иҷтимоию демографӣ буда, аз таъсири бисёр омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ вобастагии калон дорад. Муҳимтарин омиле, ки ба беҳтаршавии бузургии ин нишондиҳанда таъсир мерасонад, коҳиш ёфтани фавти навзодон ва кӯдакон мебошад. Дар 25 соли охир коэффитсиенти фавти модарон 6,1 маротиба ва коэффисенти фавти навзодон (кӯдаконе, ки дар синни то 1-солаги фавтидаанд) 2 маротиба коҳиш ёфтаанд. Дигар омили муҳим беҳтар шудани низоми кори соҳаи тандурустӣ мебошад. Бо васеъшавии дастрасӣ ба хизматҳои тиббӣ, беҳтар шудани пешгирии бемориҳо ва беҳтар шудани шароити нигоҳубину табобати пиронсолон фавти аҳолӣ коҳиш ёфта, ба афзоиши дарозумрӣ мусоидат менамояд.  Омилҳои иқтисодӣ низ ба дарозумрӣ таъсири бевосита доранд. Бо беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, коҳиш ёфтани камбизоатӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва беҳтар шудани таъминот бо ѓизои солим дарозумрии аҳолӣ афзоиш меёбад. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат маҳз ба беҳтар шудани вазъи омилҳои иқтисодӣ ва таъсири онҳо ба шароити зиндагию рушди демографӣ ба таври хело равшан ишора намуданд. Аз ҷумла Пешвои миллат қайд намуданд, ки: 
•    Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт;
•    Дар даҳ соли охир маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд;
•    Дар даҳ соли охир сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфтааст.
     Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат барои шароити кунунии Тоҷикистон ду  гурӯҳи омилҳоро муҳим арзёбӣ намуданд, ки дар оянда барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ мусоидат хоҳанд намуд: 1) таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волояти қонун; 2) тарбияи насли босаводу донишманд, рушди донишу малакаҳои технологӣ, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ.  Ин омилҳои иҷтимоию сиёсӣ бо дарназардошти вазъи геополитикӣ, таъсиргузортар гаштани равандҳои глобалӣ ва оѓози давраи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан хело муҳим ва сарнавиштсоз мебошанд. Хусусан, рушди саводнокӣ ва соҳибкасбу соҳибфарҳанг шудани аҳолӣ аз таассубу хурофотгаро шудани наврасону ҷавонон пешгирӣ намуда, худшиносии миллии онҳоро мустаҳкам менамояд.

 

Шодибег ҚОДИРОВ – н.и.и. дотсент, ходими пешбари илмии 
Институти иқтисодиёт ва демографияи 
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 

Меню: