Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ
Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 12 апрели соли 2024 конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ» баргузор гардид, ки дар кори он коршиносони пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис