ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ АМН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 09/26/2025 - 15:03

     Таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти охирин, ки аз ҷониби созмони маъруфи ҷаҳонӣ оид ба арзёбии сатҳи амният ва субот анҷом дода шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни тамоми кишварҳои ҷаҳон мақоми дуюмро аз рӯи амният соҳиб гардид. 

Мизи мудаввар

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/25/2025 - 15:50

Санаи 25 сентябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи “Тоҷикистон - ҷумҳурии дуюми амнтарин дар ҷаҳон” баргузор гардид, ки дар он ходимони илмии шуъбаи тадқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, х.п.и., н.и.и., дотсент Абдуалимов Б.А. дар мавзӯи «Баъзе омилҳои таъмини амнияти дохилӣ дар Тоҷикистон» ва х.к.и. Абдухаликов У.А. дар мавзӯи «Омилҳои илмии бехатарии миллии Тоҷикистон» баромад намуданд.

Семинари илмӣ-назариявӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/11/2025 - 10:23

Санаи 11 сентябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он ходими илмии шуъбаи тадқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда Мадаминов А.А. дар мавзӯи «Механизмҳои баланд бардоштани устувории иқтисодии корхонаҳои соҳаи шири ҶТ» баромад намуд. Маърузачӣ оиди зарурати таҳкими асосҳои молиявӣ-иқтисодӣ, такмили низоми идоракунӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ширӣ дар бозори дохилӣ сухан ронд.

Семинари илмӣ-назариявӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 09/06/2025 - 16:31

Санаи 06 сентябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ назариявии доимоамалкунанда баргузор гардид, ки дар он ходими пешбари илмии шуъбаи тадқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и. Холбобоев Ф.С. дар мавзӯи «Соҳибистиқлолӣ - кафолати ояндаи кишвар» баромад намуда, оиди дастовардҳо дар 34 соли Истиқлолият сухан ронданд. Дар рафти чорабинии мазкур, инчунин, ходимони илмии Институт Ш.Раҳимзода, Шарифзода Б.М., Алимов А.Л., Хоналиев Н. ва дигарон фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Самараи неки Истиқлолият

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 09/06/2025 - 15:01

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият дар ислоҳоти соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои беназир мушарраф гардид, ки соҳаи таҳсилот низ аз ҷумлаи онҳост. Рушди соҳаи таҳсилот омили асосии баланд гардидани сатҳи маърифату маънавиёти мардум ва пешравии ҷомеа мебошад. Ниҳон нест, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳо, махсусан, соҳаи таҳсилот дучори буҳрони шадид гардид. Аксарияти мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қариб, ки аз фаъолият бозмонда, бештари толибилмон таҳсилро тарк намуданд.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ