САМТҲОИ АСОСИИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
ШАРИФ РАҲИМЗОДА
Директори Институти иқтисодиёт ва
демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
д.и.и., профессор
ШАРИФ РАҲИМЗОДА
Директори Институти иқтисодиёт ва
демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
д.и.и., профессор
Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои тавсеаи имкониятҳои транзитии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмин намудани рақобатнокии онҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми «Фазои кушод» чораҷӯӣ намояд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳи гузариши низоми идораи хоҷагии халқи кишварро дар асоси муносибатҳои нави бозорӣ интихоб намуд. Ҳануз соли 1996 Президенти кишварамон чунин изҳор намуда буданд: «Ислоҳоти куллии иқтисодӣ дар Тоҷикистон роҳи бебозгашт аст.»
«В условиях Таджикистана, без создания высокоразвитой промышленности, перехода с аграрно-индустриальной модели развития к индустриально-аграрной, обеспечение высокого уровня жизни населения, формирование новых высокоэффективных отраслей промышленности для перехода к инновационной экономике, обеспечение экономической независимости, социальной безопасности невозможно».
Эмомали Рахмон.