Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи кӯдак дар баробари ин, ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад,пеш аз ҳама вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Тифлро аз кӯдакӣ омӯз адаб,
В-аз камоли тарбият одам шавад.
Ҳар як инсон дар зиндагӣ вазифадор аст, ки фарзандони худро дар рӯҳияи хештаншиносиву Ватандӯсти тарбият намояд. Аз бадон канораҷӯи намояд, бо бузургону соҳибхирадон дӯстӣ намояд. Ба амалҳои бад даст назанаду мулоҳизакорона рафтор намояд.Албатта ҳамаи волидон ҳамеша мекушанд,ки фарзандони онҳо боиззат ба воя расанд.Мутаасифона ёфт мешаванд, ки на ҳамеша обрӯю ифтихори волидон мегарданд. Ин гуна фарзандон бо вуҷуди ҳама гуна тарбияи баланд,муҳити солим ва волидони бузургашон бад ба воя мерасанд ва боиси афсурдагии волидони хеш мегарданд.Бехабар аз он, ки рӯзе ин амалҳои зишташон пеши роҳи онҳоро мегирад.Ҳар як амали зиштро барвақт ҳангоми пайдо гаштан аз худ дур кардан лозим аст.Пеш аз ҳама аз бадон худро бояд канора гирифт,наюояд бо онҳо нишастухез кард,то бад набуд зеро:
Бо бадон манишин,ки суҳбати бад,
Гарчӣ покӣ, туро палид кунад.
Бисёр мебояд аз гуфтаҳои бузургони хирад мутолеа кард,омӯхт,зеро ақли солим ҳамеша аз ин гуна панду андарзҳо руҳи тоза мегирад,ба ҳаёти солим равона месозад,соҳибобрӯ мегардонад.
Фарзанде,ки дар рӯҳияи озодандешиву поктинатӣ тарбия ёфтааст,бевосита сазовори хислатҳои хубу ҳаёти осоишта мегардад ва обрӯю эътибори муҳиту волидони хеш мешавад зеро у аллакай ба тақдиру камолот ва ба сарбаландии хеш сазовор гардида,тақдирсози хеш гаштааст.
Аммо фарзандони бад акси ҳолатҳои дар боло зикршударо аз сар гузаронида,боиси задани обруву эътибори худ дар назди наздикону ҷомеа мегарданд.
Онҳо на танҳо обрӯю эъибори хеш,балки муҳии иҳотакардаашонро паст мегардонанд.Бевосита дар чунин маврид пеш аз ҳама эътибори падару модар,низ паст мегардад..Албатта волидон на бо чунин умед фарзанд парваридаанд,ки онҳоро доғдор гардонад.
Донишмандон бар он назаранд, волидону омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд, пеш аз ҳама бояд ба тарбияи ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии онҳо аҳамияти махсус зоҳир намоянд. Мазмуни асосии қонунро уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ташкил медиҳад ва ин уҳдадориҳо аз он иборат мебошанд, ки падару модар ва омӯзгорон бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд, тамоми восита ва шароитро муҳайё созанд, ки фарзандон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул шаванд. Падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълиму тадрисро фароҳам оваранд. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳидоят кунанд, то тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллиати худ ифтихор намоянд.
Ҳар як амали бади фарзанд ба назари падару модар чун доғи бузургу ғализ мерасад.Лекин фарзандони бад чун ангушти шашум, ки ба буданашон эҳтиёҷ нест,вале ба буриданаш дард меорад,монанданд. Оре фарзандони бад мисли мори бад танҳо заҳр меоранд.
Фарзанди хуб- боғи падар,
Фарзанди бад-доғи падар.
Фарзандони хуб ҳамеша мисли дарахтони пурбор танҳо ва танҳо ҳосили хубу фаровон ва гулҳои умеду орзу меоранд. Обрую ифихори волидон мегардаанд,аммо фарзандони бад ҳамеша даси дуо мебардорем,то ҳамаи фарандон хубу боодоб ва ифтихори волидон ба воя расонд.
Бодо, ки ҳама оқили доно монанд,
Пайванди баду неки ҷаҳонро донанд.
Фарзанд чу пайванди дилу ҷони кас аст,
Бодо,ки ҳама умр ба имон монанд.
Холиқова Адиба- корманди
Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








