ҶОЙГОҲИ НАВРӮЗ ДАР ТАМАДДУНИ БАШАР

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 03/10/2025 - 14:10

Мардумони ориёӣ, ба хусус тоҷикон барои тамаддуни башарӣ мероси бузурги илмию фарҳангиӣ боқӣ гузоштаанд. Бахусус гузаштагони миллати тоҷик дар бахшҳои шаҳрсозию меъморӣ (тахти Ҷамшед, катибаҳои Дориюши Кабир дар кӯҳи Бесутун, қасру кӯшкҳои Сосониён дар Мадоин, мақбараву мадориси Бухорову Самарқанд, Марву Машҳад, Саразму Тахти Сангин, Тоҷмаҳали Ҳиндустон) оламиёнро ба ҳайрат гузоштаанд. Агар мо ба ин минвол ба дигар бахшҳо, аз қабили ҳунарҳои мардумӣ, ҳайкалтарошӣ, қолинбофӣ, чӯбкорӣ, санъати тасвирӣ, ихтирооти хату коғаз, заргарӣ, кулолгарӣ, либосбофӣ ва дигар бахшҳои фаъолияти мардуми тоҷик назар андозем, номгӯи дастовардҳои онҳо меафзоянд. Яке аз бошукӯҳтарин ва арзишмандтарин мероси фарҳанги миллии мо, ки аз қаъри асарҳо ба мо омада расид, ин ҷашни бостонии Наврӯз мебошад. Дар рӯзгори мардуми ориёӣ ҷашнҳои зиёде арзи ҳастӣ кардаанд, ки  онҳоро бо суннатҳои хос ҷашн мегирифтанд. 
       Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии халқи тоҷик буда, ба  рӯзи аввали солшумории шамсӣ, 21 марти солшумории мелодӣ  рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо “Иди сари сол”,“Иди соли нав” низ меноманд. Ҷашини Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз, ҳангоми эҳёи табиат, огоҳии мавсими кишту кор мебошад. Дар замони истилоҳи араб Наврузро ҳамчун “Суннати Ҷамшед”пиндошта, онро мунтазам ҷашн мегирифтанд. 
Ба қавли донишмандон, дар даврони Ҷамшед ва айёми наврӯзӣ мардум ба шукуфоии иқтисодӣ ва рифоҳи молӣ мерасанд, хонаҳои бошукӯҳ барпо мекунанд, гармобаҳо месозанд, ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор мебаранд ва саранҷом дар нозу неъмат ғарқ мешаванд. Ҷомеаи давраи Ҷамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоҳу осоиш ғарқ мешавад, ки ранҷу дард, зулму бадӣ, заъфу нотавонӣ ва пирию беморӣ ва маргу нестиро аз ёд мебарорад ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебарад.
Наврӯз яке аз нодиртарин, шарифтарин ва муборактарин ҷашнҳои миллии халқҳои эроннажод ба шумор рафта, қатъи  назар аз садду монеаҳои бисёре асрҳост, ки ботантана  истиқбол гирифта  мешавад. Нахустин бунёдгузори фарҳанг ва ҳукумат Ҷамшед Наврӯзро бо ҳасти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардум пайванд намуда, ҳикмати табақотӣ (синфӣ)-ро таҳия месозад, ки тибқи он ҳар кас, мувофиқи донишу биниш ва ҳунару фаросаташ ба коре ҷалб карда мешавад. Ба ин тарз, дар ҳукумати ҳувиятсози ҷамшедӣ ҳар кас муносиби ақлу заковат ва ҳунару касбияташ сазовори кору амали муфид мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъанаҳои бостонии ҷашни Наврӯз ва бузургдошти онро, ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи халқи тоҷик чун моҳияти хушнудӣ баҳо медиҳад. Соли 2009 бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон, Эрон, Озорбойҷон, Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа, Наврӯз дар феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил мегардад. Сипас, дар соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсусро оид ба элон намудани 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Навруз” қабул намуд. Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон дар ин раванд нақши ташаббускориро ба дӯш дошт ва дар мулоқоти сатҳи баланд бо роҳбарони ЮНЕСКО ва СММ аҳамияти ҷаҳонии Наврӯзро бо боварӣ таъкид менамуд. Соли 2023 Тоҷикистон бо ташаббуси муштарак бо Туркменистон, қатъномаи нави СММ- ро оид ба таҳкими ҷойгоҳи Наврӯз дар тақвияти сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии фарҳангӣ пешниҳод намуд, ки аз ҷониби 105 кишвари узви СММ дастгирӣ ёфт.
Пешниҳоди Президенти мамлакати моро кишварҳои дигаре, ки ба ҳавзаи Наврӯз дохил мешаванд, самимона пуштибонӣ ва ҷонибдорӣ намуданд ва аз ҷониби як чанд давлат ва созмони милал пешниҳод шуд, ки ин ҷашн чун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Воқеан, чанд сол аст, ки дар кишварҳое, ки   Наврӯзро ҷашн мегирданд мо тантанаи ҷашни Наврӯзро мушоҳида мекунем. Бо самимият ва ифтихор қайд бояд намуд, ки ба он дараҷае, ки дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз, дар  таҷлил мешавад дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқатҳам бо тантана ва бо тантана ва  иштироки тамоми қишрҳои ҷомеъа сурат мегирад. Наврӯз ба пойдории сулҳ ва ҳамкориҳои иқтисодию иштимои ва минтақавӣ табдил ёфтааст. Фалсафаи Наврӯз, ки дар асоси эҳтиром ба табиат, инсон ва ҳамзистии мусолиматомези халқҳо бунёд ёфтааст, барои ҳалли масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Баргузории чорабиниҳои Наврӯзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафкоз ва Шарқи Наздик ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои  гуногун мусоидат менамояд. Дар доираи ин ҳамкориҳои  на танҳо масъалаҳои фарҳангӣ, балки мавзӯъҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ низ мавриди муҳокима қарор мегиранд. Масалан, дар форумҳои Наврӯзӣ истифодаи оқилонаи захираҳои обию - энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ва амсоли он мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Форуми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои муҳим дар арсаи дипломатияи фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар ин форум ҳунармандони касбӣ аз кишварҳои гуногуни олам ширкат варзида, намунаҳои беҳтарини ҳунари миллии худро пешкаши тамошобинон мегардонанд. Дар баробари ин, дар доираи фестивал намоишгоҳҳои кулолгарӣ, қолинбофӣ, чакандӯзӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои мардумии кишварҳои минтақа ташкил карда мешаванд. Дар  ин чорабинӣ мутахассисон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Чин ва дигар иштирок намуда, имкониятҳои ҳамкориро дар самти эҳё ва истифодаи мероси фарҳангии тоҷикон дар рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. 
Мавсими пеш аз соли нав (Наврӯзӣ) «гулгардонӣ» ё «бойчечак» ном дорад, ки кӯдакон бо хушнудӣ дар он иштирок мекарданд. Мардум баъди давраи «гулгардонӣ»  хонаву манзилҳои худро тамиз мекунанд. Дар моҳи наврӯзӣ дастархон аз хӯрданиҳои суманак, самбӯса, ҳалво ва анвои меваҷот оро дода мешуд. Дар рӯзҳои ид ҳар гуна бозиҳои миллӣ: гӯштингирӣ, бузкашӣ, дорбозӣ, масхарабозӣ, инчунин хурӯсҷанг, кабкҷанг ва ғайраҳо барпо мегардиданд. Инчунин дар тамоми манотиқи тоҷикнишин расми «ҷуфтбаророн», яъне оғози киштукори соли нав гузаронида мешуд.
Хуллас, Тоҷикистон Наврӯзро ҳамчун як неруи рушди таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ва рамзи дӯстӣ ва сулҳ буда  дар ин рӯз аз тамоми минтақаҳо деҳқонон зироату меваҳои худро ба виставкаи фуруш бароварда  барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин ру Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёт саҳми арзанда дошта кишвари дорои меваҳои хуштаъм ва зироатҳои босифат буда дар ин ҷашн ба хотири рушди иқтисодиёт ва рушди он густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муарифии шоистаи озуқавории шоистаи арзишҳои миллӣ саҳми бузург дорад.
Тамоми бозиҳои Наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқӣ, тарбиявӣ буда,  наслҳоро ба покии зоҳиру, ботин, садоқату накукорӣ ва зебопарастӣ ҳидоят менамоянд. 
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи эҳёи фарҳангӣ Наврӯзӣ ва  иду ҷашнҳои милли ҳамовозии тамоми давлатҳо, Наврӯзро ба вуҷуд оварда, роҳро барои мусоидати гуфтугӯҳо ва ҳамкории минъбадаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва адабӣ ҳамвор сохтанд. Аз ҷумла таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъанаҳои бостонии ҷашни Наврӯз ва арзиши Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ба тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста мебозад.. Ҳамчун падидаи нотакрори, фарҳангӣ тамадунӣ дар айни замон ҷаҳонӣ шуда, таи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ваҳдат, дӯстӣ, созандагию офарандагӣ барои эҷод ва бунёди ҳаёти рӯзгори гузашта, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят менамояд.Бесабаб нест, ки чунин нуқтаи бӯзургро ба назар гирифта, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки тамоми чорабиниҳои неки Наврузӣ, ки сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ, бунёдкорию созандагӣ ва зебоипарастӣ мебошанд. Имрӯз низ барои мардуми мо мӯътабар ва ибратомезанд. Бо эҳёи дубораи Наврӯз фарҳанги бостонии миллиро бо тамоми таровату шукуфоӣ зинда медоранд. Бо таҷлили саросари ин ҷашни бузурги аҷдодӣ, ки аз силсилаи ҷашнҳои бостонӣ ба шумор мераванд далели боэътимоди гуфтаҳои болоянд. 
Хотираи таърихӣ аз хотираи фарҳангпарваронаи Пешвои миллат бар меояд, ки дар таърих беназир аст ва ҳар як фарди тоҷику тоҷикистони дар ин роҳ сайъу талош кушиш намояд, то ҳаде, ки имкон вуҷуд дорад ба Нарӯз ҷилои наву тоза бахшем ва тавонем, ки ин ҷашни аҷдодиро ба наслҳои оянда бо ифтихори баланд расонем.
Мардуми фарҳангпар ва тамаддунофари тоҷик таи таърихи тӯлонӣ умри ҷашнҳои бостонии миллӣ аз ҷумла Наврӯзро дароз намуда, миллати куҳанбунёди моро дар арсаи байналмилалӣ ба таври бояду шояд муаррифӣ намоянд. Дар заминаи эҳёи сунату маросим ва оину анъанаҳои побарҷои миллат ташаббусу ихтирооти роҳбарияти олии Тоҷикистон дар симои пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотираи нек ва тазаккури махсус аст. 
Ҷаҳони боэътимоди муосир ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки  ба фарҳангу маънавиёти мо низ таъсири манфӣ расонида метавонад. Аз ин боис омузиши суннату анъанаҳои миллӣ ва истифодаи онҳо ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат баръалло муҳим мебошад. 
То имрӯз оид ба таърихи ҷашни Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд, ҳар кадом муҳақике, ки перомуни таърихи пайдоиш ва рӯшдёбии иди Наврӯз тадққиқоти илмӣ бурдаанд, бештар ба маъхазҳои хаттӣ такя намуда, ибтидои ҷашнгирии Наврӯзро ба давраи Империяи Ҳахоманишианҳо мансуб медонанд. Дар  фароварди фикру ақидаҳои хеш, ба мадракҳои бостоншиносӣ (ҳазорсолаиҳои VI- III-и то мелодӣ) такя намуда, ба чунин ақидаанд, ки ҷашнгирии он ба давраҳои хеле қадими тотаърихӣ (то пайдоиши хат ва авалин давлатҳо) яъне, ба замони пешдодиён рост меояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба далелу мадракҳои ҷадиди бостоншиносӣ, борҳо қайд намудаанд, ки Наврӯз таърихи 6000 сола дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, иди кишоварзон будааст. Ҳамин тавр, ин иди сирфан миллии мо аз қазову қадар гузаштаву то ба имрӯз ба мо омада расид ва ҳатто ҷашни аҷнабиёне, ки моро ва Наврӯзро аз байн бурдан мехостанд, қарор гирифт ва имрӯз дар аксари мамолики исломӣ, инчунин Аврупову Амрико ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.
Ҳамин тариқ иди баҳор Наврӯз – эҳёи табиату замин, ки боиси офариниши ризқу рӯзии мардуми олам мегардад, дар тамоми давру замон ба ягон мазҳабу дину сиёсат алоқамандие надошта, аз тобишҳои сиёсии давру замон эмин монда, то имрӯз аз ҷониби мардуми тамаддунофари тоҷик ва меросбарони онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шӯкуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Аз ин хотир, дар арафаи Иди бошукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз тамоми мардуми олами мутамаддин, хоса тамоми тоҷикони оламро сидқан табрику таҳният мегӯем ва ба онҳо бурдбориҳои бемонанд ва комёбиҳои беназир орзу карданро вазифаи фахрии хеш медонем!
Наврӯзи оламафруз, муборак ҳамватанони азизу гиромиқадр!

Ходими хурди илмии шуъбаи 
таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ
Бабаева Марямбӣ Аҳтамовна.
 

Меню: