07 марти соли 2025 бо иштироки бонувони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» таҳти унвони «Модар – фариштаи рӯйи замин» чорабинии идона баргузор гардид. Директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода тамоми занону бонувони Институтро бахшида ба «Рӯзи модар» табрик намуда, зикр карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қиммат ва изату эҳтироми занон арҷ гузошта, барҳақ иброз намудаанд, ки «сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан-модар муайян карда мешавад, аз руйи он арзёбӣ мегардад». Дар ҳақиқат, меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, моро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем». Таъкид шуд, ки ҷашни Рӯзи Модар - ин муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар маҳсуб шуда, дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани он нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Модар шахсест беназир, фариштаест дар рӯи замин ва ҳуррест дар Боғи Ҷаннат. Меҳру муҳаббати Модар такрорнопазир аст. Ӯ муқаддастарин мавҷудоти рӯи олам аст, назирашро каси дигар надорад. Модар метавонад ҳамаро иваз кунад, аммо касе ӯро иваз карда наметавонад, чун мақоми дигар дорад. Дар васфи ин фариштаи заминӣ чӣ қадаре, ки ситоиш кунему ҳамду сано хонем, кофӣ нест, ба навиштан хома оҷизӣ мекашад.
Дар идома академики АМИТ, сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда Қаюмов Н.Қ., узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ. ва дигарон бонувони Институтро бо ин рӯзи фараҳбахш табрик намуданд.
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро Модаре ҳаст.













Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








