Чорабинии идона бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 03/07/2023 - 16:28

07 марти соли 2023 бо иштироки кулли бонувони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» чорабинии идона баргузор гардид. Директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода тамоми занону бонувони Институтро бахшида ба «Рӯзи модар» табрик намуда, зикр карданд, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар як фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад. 
Дар идома академики АМИТ, мудири шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда Қаюмов Н.Қ., узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ. ва дигарон бонувони Институтро бо ин рӯзи фараҳбахш табрик намуданд.


Замину осмони ман туи Модар, туи Модар.
Ҷаҳони бекарони ман туи Модар, туи Модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туи Модар, туи Модар.
 

Меню: