«Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар ҳамаи соҳаҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, амалӣ гардонидани тадбирҳои заруриро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо то ба имрӯз идома дода истодааст.
Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар ҳамаи соҳаҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ ҳастанд.
Ҷавонон қишри асосиву муҳими ҷомеа, насли ояндасози Ватан ва пояи устувори давлат ба ҳисоб мераванд. Онҳо идомадиҳандаи кору пайкори ниёгон, эҳёгару посдори суннату анъанаҳои гузашта ҳастанд. Маҳз ин табақаи аҳолӣ метавонад сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро идома дода, устувориву пойдории миллату давлатро нигоҳ дорад. Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ҳимояву пешбарии манфиатҳои миллӣ ва рушду тараққиёти тамаддуни муосир муҳим ва бузург арзёбӣ мегардад.
Кишвари азизи мо Тоҷикистон, давлати ҷавону мустақил мебошад ва дар баробари ҷавон будани кишвар қариб 70 фоизи аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо Қарори Маҷлиси Олӣ аз 22 майи соли 1998, ки 23-май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардидааст.
Дар шароити рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ барои дилхоҳ давлатҳо масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад, зеро барои давлатҳо дар вазъи кунунии ҷаҳон бисёр муҳим аст, ки омилҳои заминасози Истиқлоли давлатии худро тақвият бахшанд ва имконоти мавҷудаи табиӣ ва инсониро барои рушди он васеъ истифода намоянд.
Дар воқеъ, ҳар як шахс дар айни ҷавонӣ худро ба мисли паррандае дар парвози баланди зиндагӣ хаёл карда, ҳамеша дар ҷустуҷӯ мебошад. Ҳаёти давраи ҷавонӣ ниҳоят давраи ҳассос, ширин ва ҳалкунандаи давоми зиндагист. Маҳз дар синни ҷавонӣ инсон ояндаи дуру наздики худро муайян месозад. Ҳар як амале, ки имрӯз дар овони ҷавонӣ иҷро мешавад, натиҷа ва самараи худро дар оянда ба бор хоҳад овард.
Дар ин айём тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ниҳоят манфиатбахш мебошад, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд: «Шумо, ҷавонон, умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед. Зеро ояндаи Тоҷикистон шумо ҳастед ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрӯзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи шумо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад”.
Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд.
Дар сиёсати пешгирифтаи ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон мавқеи муҳим дошта, роҳбарияти олии кишвар ба Шумо эътимоди бузург дорад. Ҳукумати мамлакат дар амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҷавонони бонангу номус ва соҳибкасбу донишманд такя менамояд. Дар ҷавоб ба ин бовариҳои роҳбарияти давлату ҳукумат ҷавононро мебояд, ки дар роҳи аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва омӯхтани касбҳои нав боз ҳам фаъолтар бошанд.
Дар тули солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон тамоми чораҳо андешида шуда, даҳҳо барномаҳои давлатии дастгирии ҷавонон роҳандозӣ шудаанд. Дар натиҷа, имрӯзҳо дар аксарияти корхонаву муассисиҳо ҷавонон аксариятро ташкил мекунанд. Умедворем, ки минбаъд низ ҷавонони саодатманди Ватанамон дар амалисозии нақшаҳои созанда фаъолона иштирок мекунанд.
Аз ин ҷо, ҳар як миллат ояндаи худро дар симои ҷавонони ҳушёру болаёқат ва ояндасоз дида метавонад. Ҷавонон сутуни устувори ҷомеаанд, зеро ҳалқаи пайванди наслҳои башар маҳсуб меёбанд. Ҷавонон метавонанд иқтидори иҷтимоӣ, сарватҳои маънавӣ ва арзишҳои ахлоқии гузаштагони моро ба мерос баранд. Неруи ҷавонон дар ҳама давру замон созанда ба ҳисоб мерафт ва меравад. Ҳамзамон, ҷавонон неруе ба ҳисоб мераванд, ки ҳадафҳову нақшаҳои ҷонибҳо ва созмонҳову гурӯҳҳо тавассути он амалӣ мешаванд. Дар замони истиқлолият ҷавонони мо аз ин ҳолат истисно намебошанд. Шоир Ниҳонӣ низ дар ин маврид барҳақ фармудаанд:
Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам наққоши оянда,
Сазоворанд бар имрӯзу бар фардои созанда.
Ба илму бо амал дар зиндагонӣ оқилу доно,
Фидокоранд дар ободии ин мулки поянда.
Шарафманданд бо донишу бо рафтори арзанда,
Тавоноянд бо кирдору бо пиндори арзанда.
Ҷаҳони хешро созанд дар даврони озодӣ,
Ватан гардад диёри файзу сулҳу амну ободӣ.
Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми қувваю неруи зеҳнии худамонро баҳри созандагиву ободкорӣ ва фароҳам овардани муҳити солим дар ҷомеа равона намуда, талош намоем, ки Тоҷикистон дар баробари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор гирад. Дар ин самт бошад, танҳо ҷавонони оқилу донишманду дурандеш қодир ҳастанд, ки дар амалӣ шудани ин ҳадафҳои наҷиб саҳми арзандаи худро гузоранд. Пас мо ҷавононро мебояд, дар баробари омӯхтани илму дониш, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шуда, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии мамлакатро дар дилу дар дидаи худ ва ҳамсолонамон ҷой диҳем.
Бори дигар ҷавонони саодатманди кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, бурдборӣ ва дар кору фаъолиятҳои минбаъдаатон комёбиҳои беназирро орзумандам.
Ходими пешбари илмии шуъбаи
таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и.
Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович