Бале фарҳанги милливу асолат,
Фаро орад бақои умри миллат.
Миллати тоҷик аз қадим дорои фарҳанги воло ва ҷашнҳои бою рангине мебошад, ки дар замонҳои хеле қадим чуноне ки аз таърих аён аст, тоҷикон дорои Ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон буданд. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ ин ҷашнҳо солтосол бо шукуҳу шаҳомати хосае ҷашн гирифта мешаванд.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Наврӯз қадимтарин ҷашнҳои рӯи Замин ба шумор меравад, натанҳо рамз бедоршавиии табиат, оғози кишту кор, балки вақти пок шудани қалбҳо ва оғози зиндагии нав аст.
Наврӯз рӯзи баробаршавии шабу рӯз, ки 21- уми марти солшумории милодӣ фаро мерасад, ҷашн гирифта мешавад. Дар таърихи ҳазорсолаи ин ҷашн анъанаҳои зиёде мавқеи хоси худро пайдо кардаанд. Наврӯз оғози шукуфтанҳо, рустанҳо ва фарорасии баҳори нозанин зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, мавсими боғдорӣ ва коштани дони аввали деҳқон ба замин ва баробаршавии шабу рӯз дар фасли баҳор мебошад.
Чуноне ки моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз ба феҳристи осори фарҳангии инсоният ЮНЕСКО шомил карда шуда, дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмааи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21-уми мартро Рӯзи байналмиллалии Наврӯз ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии башарият дохил карда шудаанд.
Ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, пас аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ин ҷашнҳо солтосол бо шукуҳу шаҳомати хосае ҷашн гирифта мешаванд.
Тавре дар боло зикр карда шуд, тоҷикон соҳиби чор ҷашни миллӣ буданд ва ҳар яки ин идҳо маъно ва фалсафаи худро дорад. Зинда гардонидани ҷашнҳои миллӣ яке аз омилҳои миллат дӯсти башумор рафта, аз маданияти баланд ва куҳан будани миллат дарак медиҳад. Ин аст, ки ҳамасола бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои куҳанбунёди тоҷикон бо тантана ҷашн гирифта мешаванд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати кишвар ба таърихи фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамоянд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо мо набояд фарҳанги худро аз даст диҳем, балки ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки миллати тоҷик дар гузашта соҳиби чӣ гуна фарҳангӣ воло буду мемонад.
Роҷеъ ба таъриху пайдоиши баргузории ин ҷашни куҳанбунëд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиëд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳои арзишманде таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пураҳамиятро аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Наврӯзнома - и Умари Хайëм, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим» - и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин вал аздод» - и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди пешдодиро бунëдгузори ҷашни Наврӯз хонданд.
Ҷунбиши фарҳангии тоҷикони асри мо ягонагии пурзӯри маънавие ба вуҷуд хоҳад овард, ки душвориҳои иҷрои ҳар вазифаи бузурги таърихро осон хоҳад кард.
Ҷашни Наврӯз - тавре аз номи он бармеояд, рӯзи нав маъно дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.
Ҳамин тавр, бисёре аз олимон ва донишмандони ин соҳа Наврӯзро ҷашни фарвардинмоҳ медонанд, яъне он пешонии соли нав дониста мешавад. Ҳамин аст, ки дар оғози соли нав Наврӯз, яъне омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ дар нимаи тобистон Ҷашни Тиргон, ки ҳоло аҳамияти хоса ба ин ҷашн хело кам аст, таҷлил карда мешавад.
Ҷашни Тиргон - чуноне ки болотар зикр намудем оид ба ин ҷашн маълумоти хоса кам мавҷуданд. Ба ақидаи бархе аз олимони соҳа пас аз кишти баҳорӣ як муддате ба деҳқонон фурсат даст медиҳад ва ин лаҳза Ҷашни Тиргон гузаронида мешуд, ки нимаи тобистонро дар бар мегирифт.
Ҷашни Меҳргон - Ҷашни Меҳргон дар қатори Наврӯзу Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рӯзи 16 - уми моҳи Меҳр, ки он рӯзро низ Меҳр меномиданд, баргузор мегардид, ки мутобиқ ба 8 - уми октябри григорианӣ мебошад. Роҷеъ ба пайдоиши Ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ қиссаву ривоятҳо гуногун зикр шудаанд.
Ҷашни Сада - Сада ҳамчун ҷашни азёдрафтаи эрониён дар осори адибону донишмандони классикии форсу тоҷик дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон борҳо зикр гардидааст, аммо роҷеъ ба таъриху баргузории маълумот камтар мебошанд. Ҷашни Сада ҳам мисли Ҷашни Наврӯз пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, он ҳамасола дар рӯзи 10 - уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил карда мешавад. Аз рӯи оинҳои Ҷашни Сада маълум мегардад, ки нишонаи хосае аз Ҷашни Наврӯз ба худ гирифтааст.
Пас, қайд намудан зарур аст, ки худи мафҳуми Сада аз шумораи сад гирифта шуда, яъне 50 шабу 50 рӯз то Ҷашни Наврӯз мебошад. Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз воситаи хушҳолии мардуми тоҷикону тоҷикистониён мебошад, ки бо ин роҳ мардуми деҳот шодию хурсандии худро аз бедоршавии табиат ҷашн гирифта, бо фараҳ ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд, хушиҳои зиндагиро орзу намуда, кинаву адоватро аз худ дур мекунанд.
Аз ин рӯ, таҷлили сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи оламафрӯз барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррасе мегузорад.
Ходими пешбари илмии шуъбаи
таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и.
Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович