Санаи 17.12.2024 дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) комиссияи экспертии Агентии мазкур ба АМИТ ташриф оварда, барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд.
Дар идома намояндагони агентии мазкур бо директорони институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба фаъолияти илмию таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ ва беҳтарсозии зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD суҳбат анҷом доданд.