Санаи 11-уми апрели соли 2025 дар ҳошияи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини директори Институт оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. оғоз гардид.
Сипас, мудири шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, н.и.и. Субҳонов А.И. дар мавзуи «Хусусиятҳои рушди демографӣ дар Тоҷикистон» баромад намуданд. Зикр гардид, ки вазъи кунунии демографӣ дар кишвар, аз як тараф идомаи як қатор равандҳои иҷтимоию демографӣ мебошад, ки ба нимаи дуюми асри XX, яъне давраи сотсиалистӣ хосанд ва аз тарафи дигар, он тағйироти зиедеро дар сохтори аҳолӣ, дар шароити такрористеҳсоли инсон ва тамоми аҳолӣ инъикос мекунад. Аммо ин равандҳо дар ҷомеаҳои гуногуни гузариш ба таври гуногун рушд карданд. Дар натиҷа, дар ҳар як кишвари пасошӯравӣ вазъияти демографии хоси он ба вуҷуд омад, ки ин ҳолат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ дахл дорад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар оғози марҳилаи дуюми гузариши демографӣ қарор дорад. Ин марҳила бо тағйироти ғайричашмдошти афзоиши таваллуд, ки бо баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ (баланд шудани даромади пулӣ) алоқаманд аст, хос аст.
Ходимони илмии Институт академики АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қаюмов Н.Қ., д.и.к. Садридинов С., д.и.и. Хоналиев Н.Х., н.и.и. Обидов К.Р. ва дигарон дар қисмати муҳокимаи маъруза хеле фаъолона иштирок карданд ва доир ба афзалиятнокии масъалаи хусусиятҳои рушди демографӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёти миллӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва раванди рушди кишвар фикру ақидаи худро пешниҳод карданд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |