ҶАЛАСАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВОВАРОН»-И ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВОВАРОН»-И ИИД АМИТ ДАР СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ СОЛИ 2024

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 01/29/2024 - 15:31

   Санаи 29-уми январи соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИД АМИТ дар соли 2023 ва вазифагузориҳо барои соли 2024 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Қурбонова Ширин иштирок намуданд. 
Рӯзномаи ҷаласа аз масъалаҳои зерин иборат буданд:
1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Шариф Раҳимзода оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИваД АМИТ дар соли 2023 ва вазифагузориҳо барои соли 2024;
2. Баромади ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и. - Холбобоев Файзулло Самадович дар мавзӯи «Нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». 
3. Масъалаҳои ҷорӣ.    

   Тибқи муқаррарот ҷаласаи мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 ва вазифагузориҳо дар соли 2024» шунида шуд. Қайд гардид, ки ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, ки бевосита аъзои ҲХДТ ба ҳисоб мераванд, дар рафти иҷрои Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ, низ фаъолона иштирок менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи Нақшаи кории Институт барои соли 2023 ходимони илмии Институт оид ба таҳкиму тарғиби сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, аз ҷумла, 
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»; 
- Ускоренная индустриализация страны-веление времени;
-  Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак;
- Ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ дар масъалаи об;
- Ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ дар бораи ҳифзи пиряхҳо;
- Маориф-омили таъмини пойдории давлату миллат;
- Истифодаи самараноки замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ; 
- Эътимод муҳимтарин рушди омили ҷомеа; 
- Иқтисоди Тоҷикистон вазъ ва имконияти минбаъдаи рушди он;
- Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ;
- Дар бораи тадбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»;
- Консепсияи рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Чин ва ғайра;
- Соҳибистиқлолӣ ба Тоҷикистон чи дод?;
- Эмомалӣ Раҳмон-поягузори сиёсати хориҷӣ;
- Сиёсати пулию қарзӣ ва муаммоҳои пешбурди он;
- Маърифати молиявӣ ва зарурати он ва ғайра беш аз 32 маротиба тавассути воситаҳои ахбори умум, барномаю намоишҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ фаъолона баромад намуданд.
Инчунин, кормандони Институт ба ҳайати гурӯҳи таблиғотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шомил буданд.
   Хурсандиовар аст, ки дар соли ҳисоботӣ як қатор ходимони илмии Институт-аъзоёни фаъоли Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИваД АМИТ соҳиби мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ гардиданд. Аз ҷумла, 
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2023 №618 мудири шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Институт, д.и.и., дотсент Каримова Мавзуна Тимуровна ва сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Институт, д.и.и. Шарифзода Баҳром Маҳмуд бо медали «Хизмати шоиста», мудири шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Институт, н.и.и. Муминова Фарида Маҳмудовна, мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалии Институт, н.и.и. Алимов Анвар Латипович ва мудири шуъбаи таҳқиқоти демографии Институт, н.и.и. Субҳонов Акбар Идрисович бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, Юнусзода Холмуроди Қурбоналӣ – н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соҳиби «Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соли 2023» эълон гардид.
   Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и. Холбобоев Ф.С. дар мавзӯи «Нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур, инчунин, муовини директори Институт, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. ва мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ. баромад намуданд.
   Дар ҷаласа, инчунин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Қурбонова Ширин оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва тасдиқи Нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар соли 2024 суханронӣ намуданд.
Дар охир баъди шунидани фикру пешниҳодҳо раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода ҷаласаро пӯшида эълон намуд.
 

Тоҷикӣ

Меню: