ҶАЛАСАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВОВАРОН»-И ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ БАХШИДА БА ҶАШНИ 32-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/07/2023 - 15:33

Санаи 07-уми сентябри соли 2023 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бахшида ба ҷашни 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ибтидои ваҳдати мо рўзи Истиқлоли мост» ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ – Қурбонова Ширин иштирок намуданд. 
Рўзномаи ҷаласа аз масъалаҳои зерин иборат буданд:
1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нўҳ моҳи соли 2023»;
2. Баромади ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и. - Холбобоев Файзулло Самадович дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ». 
3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Тибқи муқаррарот ҷаласаи мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, аз рўи масъалаи якуми рўзнома ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нўҳ моҳи соли 2023» шунида шуд. Қайд гардид, ки ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, ки бевосита аъзои ҲХДТ ба ҳисоб мераванд, дар рафти иҷрои Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ, низ фаъолона иштирок менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи Нақшаи кории Институт барои соли 2023 ходимони илмии Институт оид ба таҳкиму тарғиби сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, аз ҷумла, 
- Ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ дар масъалаи об;
- Ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ дар бораи ҳифзи пиряхҳо;
- Иқтисоди Тоҷикистон вазъ ва имконияти минбаъдаи рушди он; 
- Оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»; 
- Консепсияи рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- Тоҷикистон: рў ба иқтисоди инноватсионӣ; 
- Истиқлолият ва иқтисодиёти миллӣ ва ғайра беш аз 28 маротиба тавассути воситаҳои ахбори умум, барномаю намоишҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ фаъолона баромад намуданд.
Инчунин, дар давоми соли ҷорӣ як қатор ходимони илмии Институт (Ш. Раҳимзода, Мирсаидов А.Б., Рауфӣ А., Садридинов С., Субҳонов А.И.) дар ҳайати гурӯҳҳои таблиғотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба тарғибу ташвиқи мўҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2022 ва ҷиҳати иҷрои банди 67-и Нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.01.2023, №1 дар вохўриҳо бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир ба масъалаҳои тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолият, аз таъсири фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намудани фарҳанги миллӣ, ҳамчунин, шарҳи сиёсати дунявияти давлат иштирок ва баромад намуданд.
Аз рўи масъалаи дуюми рўзнома ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и. Холбобоев Ф.С. дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ» баромад намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур, инчунин, муовини директори Институт, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б., мудири шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, н.и.и. Муминова Ф.М. ва сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, д.и.к. Садриддинов С. баромад намуданд.
 

Меню: