Панҷшанбе, Ноябр 16, 2023

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ЭҲТИРОМ ВА САДОҚАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/16/2023 - 10:57

16 ноябри соли 2023 дар толори Шурои олимон бо иштироки ходимони илмии Институт ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолияти давлатӣ ва идораи президентӣ суханронӣ намуданд. 

Вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати 5-нафараи Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланджоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/16/2023 - 15:47

Санаи 16 ноябри соли 2023 вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати 5-нафараи Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланджоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой Цзяо Ичянг – профессори Институти сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои хориҷии Донишгоҳи Ланджоу, Динг Шучин – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи Ланджоу, Вей Цзиншен – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти Институти сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои хориҷии Донишгоҳи Ланджоу, Чжан Юян – доктори имлҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ ва Институти