Боздиди ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз МОИ «Данғара»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 12/06/2024 - 10:10

Дар доираи татбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноаткунонии босуръати мамлакат ва эълони солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат, санаи 06-уми декабри соли 2024 ходимони илмии Институт дар ҳайати директори Институт – д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода, мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Алимов А.Л., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и. Холбобоев Ф.С., ходими пешбари илмии шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, н.и.и. Махкамов Б.Б., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Раҳмон Ю.А., ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ Носирзода А.А. ва котиби илмии Институт, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дидан карданд. Роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Ятимзода Муҳаммад бо мақсади тақвият ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сармоягузории дохилию хориҷӣ ҳайати гурӯҳи кориро бо шароиту имкониятхои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос намуд.
Тавре зикр гардид, дар ин ҷо асосан маҳсулоти сохтмонии ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла калсит, рангҳои сохтмонӣ, эмулсия, конструксияҳои оҳанин, қубурҳои пластикӣ, хишти бинокорӣ ва моеъҳои зарфшӯӣ истеҳсол мешаванд. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ имтиёзҳо дар соҳаи андоз ва гумрук пешбинӣ карда шуда, он дорои инфрасохтори мустақили худ мебошад.
Дар айни замон дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ- «Суғд», «Данғара», «Панҷ», «Ишкошим» ва Кӯлоб амал менамоянд. МОИ «Суғд» ва «Панҷ» соли 2008, МОИ «Данғара» ва «Ишкошим» соли 2009 ва МОИ «Кӯлоб» соли 2019 таъсис дода шудаанд.
Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсиси минтақаҳои озоди саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, то ҳадди ниҳоӣ коркард кардани ашёи хом, бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани бозори дохилӣ, тақвият бахшидан ба иқтидори содиротӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, иттилоотию хизматрасонӣ ва ғайра шароити созгору имтиёзнок фароҳам оварда шудааст.

Меню: