Боздиди ходимони илмии Институт аз МОИ «Суғд»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 05/19/2022 - 15:01

Дар доираи татбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноаткунонии босуръати мамлакат ва эълони солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат, санаи 19 майи соли 2022 ходимони илмии Институт дар ҳайати директори Институт – д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода, мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Алимов А.Л., ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ Носирзода А.А. ва котиби илмии Институт, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан аз МОИ вилояти «Суғд» дидан карданд. Роҳбари маъмурияти МОИ вилояти «Суғд» Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин бо мақсади тақвият ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сармоягузории дохилию хориҷӣ ҳайати гурӯҳи кориро бо шароиту имкониятхои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос намуд.

Тоҷикӣ

Меню: