Боздид аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 02/13/2026 - 15:12

13-уми феврали соли 2025 дар остонаи солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошноии мероси таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Дар рафти боздид ҳайати кормандон толорҳои «Асри санг», «Саразм»,  «Империяи Ҳахоманишиён», «Хазинаи Амударё», «Давлатҳои Юнону Бохтар», «Империяи Кушониён», «Сосониён ва Ҳайтолиён», «Панҷакенти бостон», «Мероси хаттӣ», «Аҷинатеппа», «Давлати Сомониён», «Илму фарҳанг дар замони Сомониён», «Хаттотӣ», «Тангаҳо», Тоҷикистон дар солҳои 1917-1940», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Тоҷикистон дар солҳои 1950–1990», «Истиқлол», «Дастовардҳои замони Истиқлол» ва толори туҳфахазинаҳои давлатӣ, ки дар он ҳадяҳои ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам тақдимшуда ба тамошо гузошта шударо тамошо карданд.
Кормандони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бораи таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик аз асри санг то даврони Истиқлолият маълумоти ҳамаҷониба гирифтанд.
Воқеан, боздид аз чунин ёдгориҳои таърихӣ ба кас ғизои маънавӣ дода, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ замина мегузорад.
Бояд зикр намуд, ки чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил гардида, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандустиву меҳанпарастӣ, ошноӣ аз осори пурғановати миллати хеш, арҷ гузоштан ба дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ ва ба ин васила муттаҳиду сарҷамъ будан дар радифи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карда шудааст.
 

Меню: