Санаи 28 - уми ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ натиҷаҳои бунёдиву амалии татқиқоти илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ва самараҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳо мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифтанд. Дар баррасии ҳисоботи солона ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, д.и.ф., профессор Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм иштирок ва сухани ифтитоҳӣ намудаанд.
Дар аввал муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. дар бораи ҳисоботи солонаи Институт баромад ва суханрони намуданд.
Пас аз он роҳбарони лоиҳаҳои илмиву татқиқотии зерин аз натиҷаҳои татқиқот дар соли 2024 маърӯза намуданд:
1. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии равандҳои демографӣ дар шароити рушди индустриаливу инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1117 аз 15.03.2021), зери роҳбарии н.и.и. Қодиров Ш.Ш.
2. Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар сармоягузории рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0120ТJ01039, аз 18.03.2020), зери роҳбарии н.и.и. Бобоев А.А.
3. Таҳияи нақшаи рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1115, аз 15.03.2021), зери роҳбарии академики АМИТ, д.и.и., профессор Қаюмов Н.Қ.
4. Таъминоти институтсионалии рушди индустриалии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1114, аз 15.03.2021), зери роҳбарии н.и.и. Алимов А.Л.
5. Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021), зери роҳбарии д.и.и., дотсент Каримова М.Т.
6. Таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик (аз давраҳои қадим то асри XXI) (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1112, аз 15.03.2021), зери роҳбарии узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ.
7. Таҳияи макромодели иқтисодиёти хурди кушоди Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1113 аз 15.03.2021), зери роҳбарии н.и.и. Муминова Ф.М.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |