БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТАШКИЛИИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 06/05/2025 - 10:01

Санаи 05-уми июни соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – д.и.ф., профессор Саломиён Муҳаммаддовуд иштирок доштанд.
Сараввал ҷаласаро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и. Бобозода К.О. оғоз намуда, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтро ба муносибати интихоб гардиданашон ба унвони баланди сатҳи илмӣ, узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.
Сипас, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и. Бобозода К.О. оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар нимсолаи аввали аввали соли 2025 баромад намуданд.
Дар рафти ҷаласа инчунин, аз тарафи мудирони шуъбаҳои илмии муассиса: шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, сарходими илмии шуъба, д.и.и., дотсент Шарифзода Б.М., шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, мудири шуъба, н.и.и Махкамов Б.Б., шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, мудири шуъба, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ., шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, мудири шуъба, н.и.и. Муминова Ф.М., шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, мудири шуъба, н.и.и. Алимов А.Л., шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, мудири шуъба, д.и.и., профессор Рауфӣ А. ва шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, мудири шуъба, н.и.и. Субҳонов А.И. оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии шуъбаҳои мазкур дар нимсолаи аввали соли 2025 ахборот доданд.
Ҳисобот оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 аз тарафи ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – д.и.ф., профессор Саломиён Муҳаммаддовуд хуб пазируфта шуд.

Меню: