Мардуми кӯҳанбунёду заҳматкаши Тоҷикистон ҷашнҳои 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз ватану ватандорӣ таҷлил нумуданд. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварамонро фароҳам овардааст.
Ҳоло бошад, мамлакати мо дар марҳилаи нави тараққиёти худ қарор дорад, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Тадбирҳои дар амал ҷорӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин намудани талаботи истеъмоливу саноатии мамлакатамон мусоидат карда истодааст. Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзафзун ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳамаи мо кишоварзон барои самаранок истифода бурдани замину оби ҷумҳуриамон аз имкониятҳои мавҷуда бо пуррагӣ истифода барем ва дар натиҷа ба афзун гаштани маҳсулоти кишоварзӣ саҳмгузор бошем. Дар ин самт бояд аз агротехникаи пешқадам, технологияи навини ҷаҳони муосирро дар истеҳсолот истифода бурд, ки он аз ҳадафҳои асосии стратегии давлатамон бармеояд. Чи тавре, ки дар Паём қайд гардид, «нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонӣ дар соли 2019 ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст».
Бояд гуфт, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, ки тағйирёбии иқлим, алалхусус, камобӣ ва хушксолии пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар карданамон хело ва хело бомаврид мебошад.
Мо ходимони илмӣ бояд дар шароити болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат амнияти - озуқавориро дар амал татбиқ намоем.
Дар ин ҷабҳа, рушду инкишофи соҳаи кишоварзиро ба воситаи индустриаликунонии соҳаи аграрӣ ва инноватсионӣ тадқиқотҳои илмиро ба роҳ монда, аз он манфиати хуберо ба даст орем, ки мамлакатамон ҳамеша пешсаф бошад.
Маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоте, ки саноат аз ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ истеҳсол карда мешавад 70 фоизи савдои чакана, гардиши моли давлатӣ, хусусӣ ва савдои кооперативиро ташкил менамояд. Дар соҳаи тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, бозорҳои дохилиро бо тухмиҳои хушсифат таъмин намуда, қисми дигари онро ба содирот баровардан ин даромаднокии хоҷагиҳои тухмипарварро зиёд менамояд. Тухмиҳое, ки ба кишт омода мегарданд мувофиқи тавсияномаҳои Вазорати кишоварзӣ қобилияти энергияи сабзиши онҳо аз 85 то 95 фоиз бояд бошад, тозагии навъ 98 то 100 фоизро ташкил кунад. Тозагии навъи тухми пахта барои элита 100, репродуксияи якум 99, репродуксияи дуюм 98 фоизро ташкил намояд. Аз ин рӯ, қитъаҳои нави беҳтарини заминро аз давраи кишт ба тухмипарварӣ ҷудо кардан шарт ва зарур аст. Бояд маданияти баланди заминдориро риоя намуда, истифодаи самараноку сарфакоронаи пеш аз ҳама обро риоя намоем. Дар ноҳияҳои мамлакат барои рушди саноати сабук, бояд сехҳои нави кориро ташкил намоем, ки онҳо бо ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ таъмин карда шаванд ва замина барои таъмини ҷойҳои нави корӣ дар деҳот гарданд.
Дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз илму техника ва технологияи ҷаҳонӣ пурра истифода бурданамон лозим аст, ки табиати бойи мамлакатамонро нишон медиҳад. Дар солҳои соҳибистиқлолї Ҷумҳурии Тоҷикистон аз усули нави киштгардони зироатҳои ғалладонагию техникӣ ва растаниҳои барои хӯроки чорво истеъмол мешудагиро аз сармою гармиҳо тобоварро кишт намоем, ки он аҳамияти беандозае дорад. Аз ҳамин лиҳоз, вақти он расидааст, ки мо аз ҳамаи омилҳои асосӣ истифода бурда тавонем, ки соле 2-3 ҳосил аз ҳар гектар ба даст оварда дар таъмини бехатарии озуқавории мамлакатамон ҳиссагузор бошем.
Сарходими илмӣ, д.и.к. Садридиннов С.
Ходими пешбари илмӣ, н.и.и., дотсент Абдуалимов Б.
Ходими илмӣ Мадаминов А.