«Дар нимаи дуюми соли 2000-ум рӯйдоди хеле муҳим, ки дар даврони истиқлолият ба вуқӯъ пайваст, ба муомилот баровардани яке аз нишонаҳои давлати соҳибистиқлол — пули миллӣ, яъне сомонӣ буд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ, инчунин беҳдошти ҳолати молиявӣ, муътадил гардидани буҷети давлатӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуд».
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар – «сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд.
Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудааст. Унсурҳои ҳимоявии пули «сомонӣ» тамоми воситаҳои пешрафтаи маъмулро дарбар гирифтаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ — сомонӣ дар қатори Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ аз муқаддасоти миллӣ ва нишонаҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, эҳтиром гузоштан ба он эҳтироми миллату давлат ва вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Қайд намудан ба маврид аст, ки пули миллӣ яке аз рукнҳои асосии истиқлолият ва дар айни замон, яке аз нишонаҳои муҳимтарини мустақилияти давлат мебошад. Бисёр рамзист, ки пули миллии мо дар остонаи асри XXI, яъне арафаи ивазшавии ду ҳазорсола ва баъди 1100 соли давлатдории миллии гузаштагонамон — Сомониён ба гардиш оғоз кард. Номи воҳиди пулиро СОМОНӢ гузоштан бесабаб нест, зеро сиёсати пулию молиявӣ ҳанӯз дар давраи Сомониён як пояи бисёр мустаҳкам ва мустақили давлату давлатдории миллӣ буд. Сиккаҳои тилло ва нуқра бо номҳои динору дирами исмоилӣ на фақат дар саросари қаламрави давлати Сомониён гардиши озод доштанд, балки дар Ҳинду Эрон, Чину Қошғару Рум ва сарзаминҳои Араб шӯҳрат ва қурби баландеро доро буданд.
Ҳадафҳои асосии ҷорӣ намудани низоми нави пулӣ, пеш аз ҳама, густариши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани сифат ва қобилияти рақобати маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, таҳкими иқтидори содироти мамлакат ва то андозаи имкон таъмин намудани зиндагии осудаи мардум аст.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронидааст:
Ислоҳоти пулии якум
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 10 майи соли 1995 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ — рубли тоҷикии барориши соли 1994 бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот бароварда шуда, дар низоми бонкии мамлакат марҳилаи сифатан нав шурӯъ гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ин ислоҳоти пулӣ дорои нишонаи муҳими давлатдорӣ – пули миллӣ гашта, ниҳоят низоми ягона ва мустақили пулиро ташкил намуд.
Маҳз дар ҳамин давраи инкишоф зарурати қабул намудани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бояд мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ба сифати бонки танзимгар равшан ифода намуда, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолияти онро ба роҳ монад, ба миён омад.
Иқдоми мазкур дар якҷоягӣ бо дигар чорабиниҳои иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла қабули «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар», таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкӣ ва ҳифзи пасандозҳо имкон доданд, ки иқтисодиёти кишвар давраи коҳишёбӣ ва пастравиро паси сар намояд ва барои дар соли 2000-ум ворид намудани пули нави миллӣ – «сомонӣ» заминаи зарурӣ фароҳам орад.
Ислоҳоти пулии дуюм
Бо назардошти муътадил гардидани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурати гузаронидани ислоҳоти дуюми пулӣ ва ба муомилот баровардани пули дорои унсурҳои ҳимоявии муосир, ки мебоист, ҳамзамон мероси таърихию фарҳангии тоҷиконро таҷассум намояд, ба миён омад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат Гурӯҳи корӣ барои ба муомилот баровардани пули миллӣ ташкил дода шуд, ки ба он худи Сарвари давлат роҳбарӣ мекард. Санаи 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар - «сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба имзо расид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ва бо мақсади такмили сохтори низоми пулии кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2001, аз таърихи 3 сентябри ҳамон сол тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд.
Аз таърихи 10 сентябри соли 2010 Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ташкили самараноки муомилоти молию пулӣ ва кам кардани хороҷоти чоп, ҳамлу нақл ва коркарди он, инчунин пешгирии истифодаи васеи асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии кишвар пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро ба муомилот баровард.
Ислоҳоти мазкур идомаи мантиқии давраи ташаккули шабакаи бонкӣ, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии пулӣ буда, дар китоби рушду такомул ва вусъату инкишофи ҳаматарафаи бахши молиявии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун саҳифаи муҳими таърихӣ дарҷ гардидааст.
Имрӯз сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар ИДМ маҳсуб мешавад, ки таваҷҷуҳи доираҳои молиявии давлатҳои ҳамсояро ба худ ҷалб намудааст.
Моҳи ноябри соли 2004 аввалин тангаҳои хотиравии Тоҷикистон- тангаҳои арзиши 5 сомонӣ ба ифтихори 10-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тангаҳои арзиши 3 сомонӣ ба ифтихори 80-солагии пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба муомилот бароварда шуданд. Ин тангаҳо дар ду шакл — аз нуқра ва маводи омехта (латун ва мелхиор) сикка зада шудаанд. Тангаҳое, ки аз маводи омехта сикказанӣ шудаанд, дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ қарор доранд.
Пули миллӣ яке аз муқаддасоти давлатдорӣ маҳсуб мешавад, аз ин рӯ ҳар шаҳрванди худшиноси ҷумҳурӣ бояд ба он арҷ гузорад, ифтихор намояд ва нисбат ба он бо эҳтиром муносибат намояд.