Санаи 17.02.2026 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 баён намуданд, семинари навбатии илмӣ баргузор гардид.
Чорабинии илмиро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и. Бобозода К.О. ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки чорабинии имрӯза бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва масъалаҳои мубрами иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.
Дар навбати худ, мудири шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Юсуф Раҳмон дар мавзӯи «Ҳадафҳои стратегии рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» маърӯзаи худро ироа намуда, бо иқтибос аз суханони муҳтарам Сарвари давлат шурӯъ намуд. Зимни баромад таъкид ба он намуд, ки дар ҳақиқат аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии ҳуқумати мамлакат буд, ки имрӯз ба ин дастовардҳо ноил гардидан, ифтихори миллии ҳар як узви ҷомеаи мутамаддини мост.
Иброз карда шуд, ки маҳз тавассути Паём ҳадафҳои стратегии миллӣ ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиёт, аз ҷумла роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ, бахусус, роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бо ташаббусҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар карда шуда, ҷиҳати татбиқи онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад. Бо пешниҳоди маводҳои таҳлилӣ, рақамҳои оморӣ ва ғояҳои илмӣ шарҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди инфрасохтори нақлиёт сурат гирифт.
Дар охир, чорабинӣ бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳоти асоснок хотима гардид.
+992 (37) 221-67-50 Главная |
Карта сайта |
Контакты |
![]()








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







