ТАЪСИСИ ШУРОИ НАВИ ДИССЕРТАТСИОНӢ
Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2025, таҳти №489/шд дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои диссертатсионии 6D.KOA-109, аз рӯйи ихтисосҳои барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) - доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D050600 - Иқтисодиёт (6D050602- Макроиқтисод), 6D050700 - Менеҷмент (6D050701 - Менеҷмент), 6D051000 - Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ (6D051002 - Амнияти идтисодӣ) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисоси 5.2. Иқтисодиёт (5.2.2. Макроиқтисод, 5.2.3. Амнияти иқтисодӣ ва 5.2.22. Менеҷмент) таъсис дода шуд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар кушодашавии ҷаласаи Шурои диссертатсионии мазкур раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Мумин Машокир ва мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Мавзуна Асламҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.










Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







