Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии таҳиякардаи Пажӯҳишгоҳи афкори ҷамъиятии амрикоии Gallup ба даҳгонаи бехавфтарин кишварҳои ҷаҳон шомил шуда, ҷои дуюмро ишғол кард. Ин маълумот дар гузориши солонаи Global Safety – 2025 оварда шудааст. Тибқи натоиҷи пажӯҳиш, ки дар 142 кишвари ҷаҳон гузаронида шудааст, 95 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳангоми сайру гашти шабона худро бехатар ҳис мекунанд. Дар ин феҳрист Сингапур бо 98% дар ҷои аввал қарор гирифт. Ба даҳгонаи беҳтарин инчунин Чин (94%), Уммон (94%), Арабистони Саудӣ (93%), Кувайт (91%), Норвегия (91%), Баҳрайн (90%) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (90%) шомил шуданд. Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз нигоҳи амният борҳо дар қатори пешсафони ҷаҳон қарор гирифтааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки ин натиҷа самаранокии сиёсати давлатӣ ва алалхусус сардори давлат дар таъмини субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро тасдиқ мекунад. Нозирон қайд мекунанд, ки фазои устувори иҷтимоӣ, амният дар шаҳру деҳот ва меҳмоннавозии суннатии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва арзишҳои муҳим арзёбӣ ёфтааст. Мавқеи Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки ҳамчун пешсаф дар соҳаи амнияти ҷамъиятӣ эътироф шудаанд, обрӯи эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло мебарад [1].
Тадқиқот, ки соли 2022 дар 141 кишвари ҷаҳон гузаронида шуд, барои муайян кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва эътимод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ беш аз 146,000 калонсолон - 1,000 дар ҳар як кишвар пурсиш кардааст.
Тоҷикистон бо 96 хол аз Финландия ва Исландия, ки ҳарду 92 хол гирифтаанд, пеш гузашт. Ёдовар мешавем, ки дар гузориши Gallup "Қонун ва тартибот дар ҷаҳон 2022", бар асоси як назарсанҷии соли 2021, Тоҷикистон бо 95 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифт. Зимнан зикр гардид, ки аксари пурсидашудагон дар Тоҷикистон ба милитсияи миллӣ бовар дошта ва изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайру гашти шабона нисбати худ таҳдид эҳсос намекунанд.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон низ ба феҳристи кишварҳое шомил шуд, ки аҳолии онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимод доранд: ин кишвар бо 90 имтиёз аз Тоҷикистон 6 зина камтар гирифтааст. Либерия бо 49 имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт. Қаблан Афғонистон мақоми охиринро ишғол мекард.
Дар саросари ҷаҳон, 71% пурсидашудагон гузориш доданд, ки дар соли 2022 танҳо дар маҳаллаҳои худ сайру гашти худро бехатар ҳис мекунанд ва 72% ба полиси маҳаллии худ изҳори боварӣ кардаанд. Аммо аз ҳар ҳашт нафар як нафар аз ҳодисаҳои дуздии амвол дар соли гузашта ва аз ҳар шонздаҳ нафар як нафар аз ҳамла ва ғорат хабар додааст [2].
Гузориши нави "Геллап" охири моҳи октябр нашр шуда, хулосаи сокинонро дар бораи эҳсоси хатар ва амнияташон дар 142 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон бо 96, Финландия ва Исландия бо 92-холӣ дар сегонаи аввали кишварҳои амни ҷаҳон ҷой гирифтаанд.
Назарпурсӣ тариқи телефон ё рӯ ба рӯ сурат гирифтааст. Аз ҳар кишваре ҳудуди ҳазор нафар дар он ширкат кардаанд. Аз сокинон саволҳои зерин пурсида шудааст:
• Дар шаҳр ё минтақае, ки шумо зиндагӣ мекунед, оё ба полиси маҳаллӣ боварӣ доред?
• Оё шумо, вақти шабона дар шаҳр ё маҳали зистатон танҳо сайругашт намудан, худро амн ҳис мекунед?
• Дар давоми як соли охир, оё аз шумо ё аъзои дигари хонавода пул ё молу амвол дуздидаанд?
• Дар давоми як соли охир, оё шумо мавриди таҷовуз қарор гирифтаед?
Тақрибан ҳафт нафар аз ҳар 10 нафар дар саросари ҷаҳон гуфтаанд, ки шабона танҳо сайругашт мекунанд (71%) ва ба полиси маҳаллӣ (72%) эътимод доранд. Тақрибан аз ҳашт як нафар (12%) гуфтаанд, ки соли гузашта молу мулки онҳо ё аъзои дигари хонаводаро дуздидаанд ва аз 16 як нафар (6%) гуфтаанд, ки мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифтаанд.
Тоҷикистон, ки пешсаф шуд, соли 2021 танҳо аз Сингапур ақиб мемонд. Қабл аз соли 2022 Сингапур ба истиснои соли 2020 тақрибан ҳар сол холи баландтарин ба даст меовард [3].
Тоҷикистон дар раддабандии соли 2017 аз Русия пеш гузашта буд. Он сол дар ҷои аввал Финландия қарор гирифт. Коршиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ феҳристи кишварҳои амнтаринро нашр карда, Тоҷикистонро дар ҷои 49-ум қарор доданд. Дар ин раддабандӣ меъёрҳо, аз қабили сатҳи ҷинояткорӣ, таҳдиди террористӣ ва мавҷудияти даргириҳои мусаллаҳона ба назар гирифта шудааст. Дар маҷмуъ 136 кишвари ҷаҳон ба ин феҳрист шомил шудаанд, ки Финландия мисли соли гузашта дар ҷои аввал аст.
Коршиносон Аморати Муттаҳидаи Арабро дар ҷои дуюм қарор доданд. Исландия ба се кишвари бехатартарин шомил шуд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин феҳрист Қазоқистон дар зинаи 58-ум ва Қирғизистон дар зинаи 98-ум ҳастанд.
Русия дар зинаи 109-ум қарор гирифт. Колумбия (136-ум), Яман (135-ум) ва Сальвадор (134-ум) кишварҳои камтарин дар ҷаҳон эътироф шуданд. Рӯйхат бар асоси омилҳои мухталиф, аз ҷумла даргириҳои мусаллаҳона дар қаламрави кишвар, сатҳи ҷинояткорӣ ва таҳдиди терроризм тартиб дода шудааст.
Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ як созмони ғайридавлатии Швейтсария аст, ки бо баргузории нишастҳои солонааш дар Давос маъруф аст. Ба вохӯриҳо роҳбарони пешқадами корхонаҳо, раҳбарони сиёсӣ, мутафаккирони маъруф ва рӯзноманигорон даъват карда мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир ба Форум тақрибан 1000 ширкату созмонҳои бузург узвият доранд. Ширкати маъмулии аъзо гардиши беш аз 5 миллиард доллар дорад. WEF ба омӯзиши рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ диққати махсус медиҳад. Ҳисоботи глобалии рақобатпазирии он, ки Форум дар тули солҳои зиёд ҳар сол нашр мекунад, ба ҳама маълум буда, акнун Тоҷикистон ҳам шомили ин рӯйихат шудааст.
Аҳолии Тоҷикистон то 1 июли соли 2025 10 603 800 нафар буд. Ин маънои онро дорад, ки дар шаш моҳи соли 2025 шумораи аҳолӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ 2,1 фоиз афзуда аст.
Адабиёт
1. https://avesta.tj/2025/09/20/tadzhikistan-zanyal-vtoroe-mesto-v-rejtinge... Avesta.tj
2. https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/security/20231107/tadzhik...
3. Рӯзномаи Ҷумҳурият”, Санаи нашр: 08.11.2023
Ходими пешбари илмии шуъбаи тадқиқоти
рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои
истеҳсолкунанда, н.и.и., дотсент Абдуалимов Б.А.