Санаи 28-уми августи соли 2025 ҷиҳати иҷрои амри президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23.07.2025, №30001/23-342 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои АМИТ бахшида ба таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рафти иҷрои бандҳои дахлдори ҷаласаҳои назоратии назди президенти АМИТ дар назди директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода К.О. бо иштироки мудирони шуъбаҳои илмӣ ва ходимони илмӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа таъкид гардид, ки тибқи амри президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23.07.2025, №30001/23-342 моро мебояд, дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Шуъбаҳои илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ бахшида ба таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари якҷоя доир намоем. Ҳамзамон, масъулони шуъбаҳои таҳқиқоти инфрасохторӣ ва таҳқиқоти демографӣ муаваззаф гардиданд, ки тибқи бандҳои II-юм ва III-юми Нақша-чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳоло омодагиро барои гузаронидани чорабиниҳои дар пешистода бинанд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки мудирони шуъбаҳои илмӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарони лоиҳаҳои илмии амалкунандаи солҳои 2021-2025 то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ варианти аввали ҳисоботи панҷсола (ҷамъбастӣ)-и лоиҳаҳоро пешниҳод намоянд.
+992 (37) 221-67-50 Главная |
Карта сайта |
Контакты |
![]()






Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







