Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии «Навоварон» – и Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
08 майи соли 2025 дар ташкилоти ибтидоии «Навоварон» – и Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»–и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Қурбонова Ш. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»–и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобозода К.О. маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботї доир гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис Ш.Раҳимзода ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод намуда, қайд кард, ки ташкилоти ибтидоии «Навоварон» дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарорҳои сохторҳои болоии ҳизб корҳои назаррасеро анҷом доданд.
Ҳамчунин, Қурбонова Ш – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»–и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобозода К.О., Махкамов Б.Б.– мудири шуъбаи таҳқиқои рушд ва ҷойгиркунии қувааҳои истеҳсолкунанда, Каримова М.Т. – мудири шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва Субҳонов А.И. – мудири шуъбаи таҳқикоти демографии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ оид ба ҳисоботи ташкилоти ибтидоии «Навоварон» дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ намуда, нақши аъзоёни ташкилоти ибтидоиро дар татбиқ намудани барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муассир арзёбӣ намуданд.
Тибқи рӯзномаи дуюми маҷлис аз ҷониби аъзоёни ҳизб Бобозода Комил Олимҷон – директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон раиси нави ташкилоти ибтидоии «Навоварон» интихоб гардид.
Сипас Қурбонова Ш – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»–и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тули фаъолияти худ дар кишвар ба сифати як ҳизби пешоҳанги ҷомеа масъулияти олии ватансозиро бар зимма дошта, бо ҷалби ҳама аъзо ва ҷонибдоронаш идеологияи миллиро бунёд ва тарғиб менамояд. Дар доираи барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самтҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар рушд ёфта, сатҳи некуаҳолии мардум боло рафта истодааст.
Дар идома директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобозода Комил Олимҷон андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ - поягузори сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ва таъсирбахш боқӣ монда, итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, доираи олимону муҳаққиқон ва ходимони ҷамъиятию хусусӣ барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи пурмаҳсул татбиқ меёбанд. Зеро пайравии мо ба Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар амали мо дар татбиқи ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои созанда ва барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инъикос меёбанд.








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







