МОДАР - САРЧАШМАИ ХУШКНАШАВАНДАИ ҲАЁТИ МУЗАФФАР

Автор: IED.TJ Дата публикации: среда, 5 Март, 2025 - 11:43

Модар шахсест, ки аз Одам то ба ин дам,  ҳамеша ситоишаш мекунем ва ҳамду санояш мехонем, зеро воқеан, шахси азизу меҳрубону такрорнашаванда ва сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар аст. 
    Муаллими аввалинамон модар асту мактаби аввалинамон домони ӯ. Агар ба таърихи ниёгонамон назар афканем, зани тоҷик маҳдудиятҳои зиёд дошт, хоса дар замони пешазинқилобӣ. Таъсири он маҳдудиятҳо, ҳатто баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ боқӣ монда буд. Дар макотиби олӣ духтаракони манотиқи дурдаст кам таҳсил мекарданд. Якеро падару модар иҷозат намедоданду дигареро бизоат монеа мегашт. Ба ақидаи ҷоҳилонаи бархе аз ашхоси он замон таҳсил кардани духтарон гӯё ба шаъну шарафи волидайн ё ҳатто авлод нуқсон мегузошт. Тафаккури мардум чунон маҳдуд буд, ки ба ақидаи онҳо зани тоҷик бояд хонанишин бошад, таҳсил накунад, кору фаъолият низ нанамояд. Мутаассифона, ҳуқуқи зан поймол буд. Албатта, чунин мафкураҳо аз таъсири ақидаҳои ѓалати динии онвақта пайдо мешуданд. Аз ин рӯ, духтарон ҳуқуқи таҳсил надоштанду бонувон ҳуқуқи дар ҷамъият фаъолият намуданро. Хулоса, мақоми зан-модар дар ҷомеа аҳамияте надошт. Чунин фикрҳои иштибоҳангез оҳиста-оҳиста аз байн рафтанд. Месазад қайд намоем, ки мафкураи мазкур хонаводаи қаҳрамони моро фаро нагирифта буд. Лек то он дараҷае, ки кунун занони тоҷик дар ҷомеа мақоми баланд доранд, дар ягон давру замон надоштанд. Модари босавод метавонад фарзандони босаводро ба воя расонад, оилаи солимро ба вуҷуд орад. Оила солим бошад, насли оянда низ солим мешавад.
    Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан-модар дар ҷомеа мақоми хоса пайдо намуд, ки ин иқдом ба модарону хоҳарони мо барои рушду нумуъ ва барои пайдо кардани мақомашон дар ҷомеа имконияти беҳамто дод. 
Боиси ифтихор аст, ки ба илми тоҷик, хоса, илми иқтисод саҳми зан-модар беҳамтост. Зани тоҷик бо назардошти оне, ки зан, модар ва хоҳар аст, метавонад вақти худро пурсамар тақсим намуда, дар ҷомеа фаъолона кор кунад ва саҳми боризи хешро гузорад. Имрӯз дар илми иқтисодшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳаққиқон аз зумраи занҳо кам нестанд. Соҳибназарова Саодатсултон яке аз олимаҳои тоҷик мебошад, ки номаш  дар вирди забони шогирдон ва ҳамкорон бо як меҳру муҳаббати хоса оварда мешавад, бо некӣ ёд мекунанд...
    Азбаски Саодатсултони мо ҷавондухтари босаводу доно, масъулиятнок ба воя расид, омӯхтанро дӯст медошту ҳамеша орзу мекард, ки дар оянда дар мактаби олӣ таҳсил намояду соҳибкасб шавад. Гарчанд падару модари Саодатсултон деҳқон бошанд ҳам, аз аҳли фаҳм, ориф, дӯстдори илму дониш ва дорои фарҳанги воло буданд. Волидайни соҳибназари Саодатсултон барои амалишавии орзуҳои фарзандашон саъй мекарданду дастгирӣ менамуданд. Ҳамин тавр, бо дастгирии падару модар ва саъю кӯшиши худ як духтараки тоҷик аз минтақаи дурдаст, аз Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), Соҳибназарова Саодатсултон, соли 1958 мактаби миёнаро хатм намуда, ба техникуми хоҷагии қишлоқи ш. Ленинобод дохил шуд. Соли 1962, баъди хатми техникуми мазкур, бо роҳхати Вазорати хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон ба Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи Тимирязеви ш. Москва, факултети иқтисодӣ фиристода шуда, онро соли 1967 хатм намуд. Дар он давра барои духтараки музофотӣ таҳсил кардан дар хориҷи кишвар як инқилоб буд. Яъне бо амри тақдир ахтари Саодатсултон дар осмони илм ҷило намуд.
    Духтараки донишандӯзу илмҷӯй баѓоят кунҷков буд, майл ба пажӯҳиш дошт. Дар назди худ мақсад гузошт, ки мавзӯи муҳимеро таҳқиқ намояд, то ки саҳми сазовору арзандаи худро барои ривоҷу равнақи илми Ватан гузорад. Ҳамин ҳақиқатҷӯйиву омӯзиши амиқи илм ӯро ба мақсади гузошташуда расонд. Хушбахтона, дар натиҷаи заҳмату талошҳои зиёд соли 1974 дар Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи Тимирязеви ш. Москва рисолаи номзадии худро бо муваффақият дифоъ намуд.  
    Соҳибназарова Саодатсултон, олиме мебошад, ки дар илми тоҷик саҳми арзандаву назарраси худро гузоштааст.  
    Дар давоми зиёда аз 50-соли фаъолияти илмиаш ба масъалаи коркард ва ҷорӣ намудани ташаккулёбии механизми хоҷагидорӣ, гузарондани ислоҳоти иқтисодӣ, шаклҳои нави хоҷагидорӣ, коркарди рушди устувори хоҷагии қишлоқ, танзими бахши аграрӣ аз ҷониби давлат, ҳаллу фасли қарзҳои пахтакорӣ, таъмини рушди босифати иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ ва ҳаллу фасли проблемаҳои амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла, ҳалли масъалаи худтаъминкунии аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи озуқаи истеҳсоли худӣ, машѓул буд.
    Бори нахуст аз ҷониби Соҳибназарова Саодатсултон дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ падидаҳои муносибатҳои бозорӣ (иҷора, системаи чекӣ ва пулии назорат аз болои хароҷот ва баробаркунии ҳисоб, пардохти музди меҳнат тибқи даромади умумӣ) ҷорӣ шудаанд (солҳои 1986-1990). Ҷоиз ба қайд аст, ки муаллима дар таҳияи Барномаи тараққиёти иқтисодии ҷумҳурӣ барои солҳои 1996-2000, дар таҳияи Барномаи амнияти озуқаворӣ барои давраи то с.2015, дар таҳияи Барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ барои солҳои 2013-2015, дар ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои соҳаи пахтакорӣ соли 2008 ва ҳатто солҳои 2004-2012 ба сифати аъзои гурӯҳи корӣ бо Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар масъалаи таъмини аҳолии кишвар бо озуқавории истеҳсоли ватанӣ ҳамкорӣ намудааст.
    Соҳибназарова Саодатсултон зиёда аз 60 адад мақолаи илмӣ навишта, китобчаҳо ва тавсияномаҳо ироа намудааст, ки дар маҷаллаҳои илмии ватаниву хориҷӣ  мунташир гаштаанд.
    Дар давраи аввали бозсозӣ ва мутобиқи Қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бартараф кардани зарароварии хоҷагиҳои минтақаи кӯҳистон», аз соли 1986 оѓоз карда, аз ҷониби Соҳибназарова, бори аввал дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ падидаҳои муносибатҳои бозоргонӣ  ҷорӣ карда  шудаанд, ки мақсади онҳо баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва аз ҷиҳати моддӣ ҳавасмандгардонии деҳқонон, барои натиҷаҳои ниҳоии истеҳсолот буд. Мақсади мазкур дар натиҷаи ба пуррагӣ такмил додани соҳаи идоракунӣ ва барҳам додани усулҳои экстенсивии хоҷагидорӣ пурра ба даст омад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 1988 ин таҷрибаҳоро дида, ба онҳо баҳои баландро сазовор донист ва барои ҷорӣ кардан дар тамоми хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тавсия дод. Масалан, таҷрибаи совхози Қалъаи Дашти н. Файзобод доир ба ҷорӣ намудани шаклҳои пешқадами хоҷагидорӣ 30 августи с.1988 дар ҷаласаи клуби корҳои амалӣ КМ ПК Тоҷикистон баҳои баланд гирифт. Инчунин, 22 феврали с. 1989 котиби якуми ПК Тоҷикистон Махкамов Қ.М., таҷрибаи кории ӯро дар колхози «Россия», н.Рӯдакӣ шахсан тасдиқ ва ба Бюрои КМ ПК Тоҷикистон пешниҳод намуд. Мутобиқи таҷрибаҳои мазкур, мунтазам семинарҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва конфронсҳои ҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд. Соҳибназарова ба теъдоди зиёди мутахассисон ин таҷрибаро омӯзонидааст. Комёбиҳои муҳаққиқи мо дар рӯзномаву маҷаллаҳо мунташир шуда, дар радиову телевизион, аз ҷумла, тариқи Телевизиони марказии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ барномаҳо баргузор гашта буданд. Таҷрибаҳои пурѓановати Саодатсултон Соҳибназарова тариқи васоити ахбори қаблан номбурда тавсия шуданд. Инчунин, дар давоми зиёда аз 10 сол бо Институти Умумииттифоқии иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ ҳамкорӣ намуда, дар кори чандин конфронсҳои умумииттифоқӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок кардааст. Дар давраи гузариш низ дар зиёда аз 50 мизҳои мудаввар, семинару конфронси ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок ва суханронӣ кардааст. 
    Муаллима соли 1995 савияи дониши худро дар Амрико, дар штати Техас такмил дода, курси «Озод намудани хоҷагии қишлоқ»-ро хатм намуд, ки яке аз муваффақиятҳои ӯ ба шумор меравад.
    Воқеан, зан метавонад бо як даст гаҳвораро ҷумбонаду бо дасти дигар сайёраро такон бидиҳад. Гуфтаҳои Наполеон ба Соҳибназарова Саодатсултон барин зан, модар ва устод низ рабт дорад. Ӯ ҳамчун раҳнамои илмӣ низ баѓоят устоди беҳамто буд. Пайваста ба унвонҷӯён, хоса занҳо кумаки методӣ мерасонд ва вақти қимати худро баҳри ин кор дареѓ намедошт.     
    Барои зан дифои рисолаи илмӣ, чӣ номзадӣ бошад ва чӣ докторӣ кори басо мураккаб аст. Зеро бештари занони муҳаққиқ модар низ ҳастанд. Ҳам модар будану ҳам муҳаққиқ, аз зан матонату заҳмати зиёдро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, дифои рисолаи илмӣ барои модари тоҷик ин худ як қаҳрамонист. Саодатсултони саодатмандамон дар баробари муҳаққиқи беҳамто дар соҳаи хосаи худ буданаш, модари ҳалиму меҳрубон, сахтгиру масъулиятнок, модари покзуриёт, билохира, инсони ба маънои томаш комил буд. Ин модари ҳалиму меҳрубон фарзандони солеҳу муваффақро тарбия намуда, ба воя расондааст, ки барои ҳар як модар аз ин беш хубахтӣ вуҷуд надорад. 
    Бузурге фармуда: «Биҳишт зери қудуми модарон аст». Чӣ қадр олӣ гуфта… Маҳз ин гуфтаҳо ба дурдонаи илми иқтисод, ба Саодатсултони соҳибназари мо гуфта…
    Дурдонаи илми иқтисод, Саодатсултони саодатманд, дар қаъри баҳри бекарони илм, яъне чун ганҷи бебаҳо то абад боқӣ хоҳад монд.
                                                    Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
                                                     К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
                                                                                                                 Саъдӣ

                                                                                                                                  Ходими калони илмии Шуъбаи 
                                                                                                                                  таҳқиқоти институтсионалии 
                                                                                                                   Институти  иқтисодиёт ва демографияи 
                                                                                                                   АМИТ, Шарафиддинова Г.Ё. 
 

Меню: