НАВРӮЗ – РӮЗИ НАВ ВА ИДИ ҚАДИМТАРИНИ АҶДОДИИ МОСТ

Автор: IED.TJ Дата публикации: вторник, 4 Март, 2025 - 10:00

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар баробари дигар анъанаву ойинҳои миллӣ, таваҷҷуҳ ба ҷашнҳои бостонӣ ҳам беш аз беш афзуд. Ҳоло аксари ин ҷашнҳои қадимӣ ба таври расмӣ гиромӣ дошта мешаванд. Имрӯз кам нафаре пайдо мешавад, номҳои  Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро нашунида, ва дар чорабиниҳои бахшида ба ин ҷашнҳо иштирок накарда бошад. Чунки дар иҷрои барномаҳои фарҳангӣ тамоми қишрҳои ҷомеа ва пеш аз ҳама омӯзгорону донишомӯзони муассисаҳои таълимӣ-илмӣ ва ходимони илмии АМИТ ҳам саҳми барҷаста доранд. Барои он ки моҳияти ҳар яке аз ин тадбирҳои қадимии фарҳангиро дуруст дарк кунем, лозим аст, ки аз таърих, ва мазмуни ҳар яке аз онҳо огоҳии комил бояд дошта бошем. Махсусан барои зиёён маълумоти кофӣ доштан дар мавриди ҳар яке аз ин чор ҷашни расмӣ шарт аст. Ин маълумот ба ҳар як роҳбар, устод, омӯзгор ва мураббӣ барои пурмазмуну ҷолиб доир намудани машғулиятҳои иловагӣ ва соатҳои тарбиявӣ кумак мекунад. Дар ҳолати пешниҳоди нақли шавқовару дилписанд меҳри шунавандагон ҳам ба нақшу мақоми ҳар яке аз ин ҷашнҳо, ки ҳазорсолаҳо пеш гузаштагони мо ид мекарданд, афзуда, мазмуни ҳар чорабинии ҷашниро боло хоҳад бурд. Пеш аз ҳама онҳо дарк хоҳанд кард, ки ҳар яке аз ин ҷашнҳо, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дубора зинда гардиданд, таҷассумгари одобу анъанаҳои аҷдодӣ буда, решаҳои ҳаётӣ доранд ва зиндагии моро рангоранг мекунанд. 
Маросим, расму оин ва анъанаҳои махсусе вуҷуд доштанд, ки онро соҳаи асосии хоҷагидорӣ – кишоварзӣ муайян мекарданд ва ҳама дар якҷоягӣ фарҳанги мардумӣ ва арзишҳои онро ташкил медоданд.
Одамон аз азал чанд чизро мепарастиданд, ки офтоб, оташ, осмон, ҳаво, обу замин асосӣ буданд ва ҷашнҳои мавсимӣ: Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон буданд, ки таърихи онҳо 5-3 ҳазор сол пеш оғоз шудааст.
 Имрӯз мақсад аз гиромидошти ин анъанаҳои бостонӣ таҳкими ваҳдату иттиҳоди миллӣ буда, ҳеҷ гоҳ маънои парастиш ба қувваҳои табиатро надоранд. Имрӯз ин ҷашнҳо, аз ҷумла барои он эҳё мешаванд, ки насли нав аз таърих ва урфу одатҳои миллӣ  огоҳ шавад. Бо мурури замон фарҳангҳо ғанӣ мешаванд, рамзҳо ва маъноҳо дигар мешаванд ва ин як падидаи муқаррарӣ барои ҳаёти имрӯза аст.
Наврӯз яке аз идҳои баҳор аст, онро дар миёни мардуми форси забон ва бархе аз туркзабонҳои Казокистон, Осиёи Миёна, Осиёи Хурд, Эрон ва бошқирду тоторҳо ҳамчун оғози соли нави кишоварзи чашн мегиранд.
Наврӯз рамзи тачдиди тибиат ва покизагии рух ва оғози хаёти нав аст.
Мохи сентябри соли 2009 Наврӯз ба феҳристи иди меросии фарханги башарият дар ЮНЕСКО шомил шуд. Моҳи феврали соли 2010 дар ичлосияи 64- уми мачмаи умумии СММ 21 март Рузи Наврӯзи байналмилали эълон шуд.
 Ҷашни наврӯз яке аз кадимтарин чашнҳои чаҳони аст. Он ҳануз аз замони зардушти маълум буд, ҳануз то асри VII пеш аз милод зикр шуда буд. Дар давлати Ҳахоманишинҳо (асриVI- IV пеш аз милод) ваСосониён (асрхоиIII- VII пеш аз милод) Навруз чашни асоси ба хисоб мерафт. Дар бораи ин ид муаррихи Юнони кадим Страбон навиштаст. «Дар замонхои кадим сокинони Сир дарё ва Аму дарё дар маъбади оташ чамъ омада, кайфу сафо намуда ва оташро ситоиш карда, беморихоро табобат мекарданд. Чунин дониста мешавад, ки пайдоиши ин ид аз Эрониёни Бостон буда, бо парастиши офтоб ва номи Зардушт алокамандӣ дорад.
Қадимтарин сарчашмае, ки дар он ҷашни Наврӯз зикр шудааст, китоби «Авесто» мебошад.
Тибқи таълимоти Авесто, мардум бояд хар бахор эҳёи табиатро, ки дар 6 шакл яъне осмон, ҳайвонот, наботот, об, замин ва инсон ба дунё омадааст, бояд ҷашн гирад.
Алалхусус мавҷудияти замину обро, ки асоси зиндагии мардум мебошад, классикони соҳаи заминистифодабарӣ чунин шарҳ медиҳанд: “Асоси истеҳсолоти моддӣ ва фаъолияти истеҳсолии ҷомеаро замин ташкил медиҳад. Замин (аз назари иқтисодӣ, об ҳам ба он тааллуқ дорад), сараввал одамро бо озуқа, воситаҳои тайёри заиндагӣ таъмин намуда, ҳамчун объекти умумии меҳнати инсон бе ягон ёрии ӯ вуҷуд дорад”.
 Таҷлили Наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдо шудани солшумории хуршедӣ марбут аст, ки дар миёни мардуми Осиёи Миёна ва Эрон ҳафт ҳазор сол пеш, хеле пеш аз зуҳури ислом пайдо шудааст. Соли нав – рӯзи нав дар фасли баҳор 20 ё 21 март, дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз оғоз шуда, баҳор дар ниҳоят ба худ меояд. Вакти азобу машаккати сахрои нав, замони ташвишу умеди дехкон фаро мерасад.
Ин Наврӯз аз соли нави мусалмонон фарқ мекунад, зеро тақвими мусалмонон бар асоси давраи солонаи қамарӣ аст.
Азбаски соли шамсӣ 365 (366) рӯз ва соли қамарӣ 354 (355) рӯзро дар бар мегирад, ибтидои соли қамарӣ ва тамоми санаҳои соли қамарӣ нисбат ба солшумории шамсӣ тақрибан 11 рӯз пеш мераванд.
Аҳаммияти ин давраи сол барои хаёти одамон аз замонхои кадим ба вучуд омадани расму оинхои зиёдеро ба вучуд овардааст. Хеле пеш аз ид, кариб ду хафта дар болои табакхо гандум ё наск мекоранд. То ид нашъунамои сабзи онхо бояд ба 5—7 сантиметр расида, ороиши дастархон, рамзи таваллуди хаёти нав, соли нав гардад. 
 Пеш аз Наврӯз аз гуноҳон тавба кардан, бо қаҳриҳо оштӣ кардан, қарзҳоро бахшидан лозим аст. Соҳибон кӯшиш доранд, ки хонаро ба тартиб оварда, сафед ва таъмир кунанд. Инчунин пеш аз ид хонахоро зебу оро медиханд, ахлотро дар куча мекашонанд. Дар "Чоршанбеи шодмонӣ" (чоршанбеи охирини пеш аз Наврӯз) дар кӯчаҳои шаҳру деҳот гулхан меафрӯзанд.
Яке аз ойинҳои “Гулгардонӣ” то имрӯз боқӣ мондааст: чанд ҳафта пеш аз ид кӯдакон гулҳои баҳман ва гули сиёвашро, ки аз доманаи талу теппаҳо мечиданд, ба маҳаллаашон оварда, дари хонаҳоро мекӯбанд ва таронаҳои Наврӯзро ба онҳо пешкаш мекунанд.
Ба ивази ин соҳибхонаҳо ба бачаҳо ширинӣ медиҳанд ва гулро гирифта, ба умеди соли бафайзу баракат шудан ба абрӯаони худ мемоланд. 
 Дар шоҳроҳҳои Душанбе-Бохтар, Душанбе-Кулоб, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ бачаҳо ба роҳгузарҳо, ронандагон ва сайёҳон гули сиёваш (сиёҳгуш) пешниҳод мекунанд.
Дар Наврӯз мардон либосҳои миллӣ ба бар намуда, аз рӯи анъана бо иштирок дар бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бузкашӣ, гуштӣ (гуштингирӣ), шамшербозӣ, пойга аспдавонӣ, хурӯсҷанг, аз болои оташ ҷаҳидан ва ғайра қувва меозмуданд.
Занҳо бошанд, чакану атласу адрас пӯшида, тоқиҳои шево ба сар мегузоранд. Яке аз духтарони зебо бо либосу тасвири Маликаи Баҳор (Маликаи Наврӯз) рӯйи саҳнаи ҷашн меояд, ки аз зебоӣ ва рақсҳои ӯ ҳама ба ваҷд меоянд, таронаҳои баҳор мехонанд.
 Деҳқонони мо бошанд дар ин арафаи иди миллӣ таҳти шиори аҷдодии худ ба маънои “Як рӯзи баҳор пур кунад анбор” амал намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки корҳои саҳроии зироаткориро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба сомон расонанд. Ин аст, ки соли гузашта деҳқонони ҷумҳурӣ ба маблағи 73 миллиард сомонӣ маҳсулоти худии кишоварзӣ истеҳсол намуда, саҳми арзанда дар таъмини яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “таъмини бехатарии озуқаворӣ” гузоштанд.  
Наврӯз ҳамеша бо умеду орзуи саломатӣ ва зиндагии хушбахтона ҷашн гирифта мешуд, аз ин рӯ одат шудааст, ки хонаҳоро зебо оро медиҳанд, ба ҳамдигар гулу шириниҳо ҳадя мекунанд, то ба дастархони идонаи  “Ҳафтсин” гузошта шавад.
Инҳоянд: «сабза» (навдаҳои ҷавони гандум) – рамзи эҳё; «себ» (себ) рамзи зебоӣ; «санҷид» (зайтуни ваҳшӣ) – рамзи ишқ; "сипанд" - бухур; «сикка» (танга) — рамзи сарват ва шукуфоӣ, «сир»— рамзи саломатӣ ва раҳоӣ аз бадбахтиҳо; Сирко — рамзи дарозумрӣ ва сабр аст.
Занони хонашин инчунин аз гиёҳҳо ва ғалладона хӯрокҳои асосӣ ва нӯшокиҳо, яъне ғизои солим, ки табиат додааст, омода мекунанд. Имрӯз дастархон метавонад хеле фаровон ва гуногунранг бошад, аммо ғизои асосӣ ҳамеша суманак аст, ки бонувон дар як деги калон якҷоя бо суруду рақс ҷараёни пухтани онро ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳар яке аз пазандаҳо бо навбат кафгир зада, вақти ҷуши суманак орзуҳои некро дар қалби худ давр мезанонад
 Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.
 Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд.
Чунончи дар асари машҳури Умари Хайём – «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин суханҳои пурмаънӣ омадааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ ибтидо карданд».
Аз ин китобҳои таърихӣ маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Фарқи ҷашни Наврӯз аз дигар идҳо дар он маҳсуб меёбад, ки онро дар фасли баҳор ҷашн мегиранд ва оғози кишту кори баҳорист. Дар ин фасли сол табиат ба зиндашавӣ оғоз менамояд ва аз ҳама фасли зеботарин маҳсуб мешавад. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Он замон ҷашнгирӣ ба ду давра тақсим мешуд - Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи Фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Ривояти дигаре ҳаст, ки манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро «Наврӯзи кучак», «Наврӯзи омма» ва «Наврӯзи сағир» гӯянд.
Дар шаҳри Душанбе бошад, дар 4 ноҳияи он қуллаҳои баландтарин муайян гардидаанд. Аз ин қуллаҳо оғози “рӯзи нав – соли нав” пеш аз ҳама сурхии Офтоб аён гашта, корвони наврӯзии ноҳияҳои шаҳр бо овози дилрабои сурнаю карнай роҳсипар гашта, вориди Наврӯзгоҳи пойтахт мешаванд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосро пайдо кард. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии руҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад. Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо ва алалхусус ба кормандони ИИваД АМИТ бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва армонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши ватанамон танинандоз бошад.

                                                                                                                     Б. Абдуалимов

                                                                                                                     ходими пешбари илмӣ, н.и.и., дотсент. 
 

Меню: