Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Эмомалӣ Раҳмон (28.12.2023)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар санаи 28 декабри соли 2024 таъкид намуданд, ки «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад».
Бояд қайд кард, ки истиқлолияти давлатӣ ба ҳаёти занҳои тоҷик таъсири амиқ гузошта, ба шинохти шахсони сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ занони тоҷик тавонистанд исбот кунанд, ки дар баробари рисолати модарӣ ва издивоҷ, онҳо низ метавонанд рисолати роҳбариро бо ифтихор иҷро кунанд. Ин эътирофи қудрати модарзодии зани тоҷик ба ҷомеа имкон дод ки инро эътироф кунад.
Дар рафти вохӯриҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат пайваста мақсад ва дурнамои сиесати кадрҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону болаеқат ва тайер кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат едовар шуда, таъкид менамоянд, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаи озоду мустақили мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳими сиесати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳақикат Модар - Ин мафҳуми умумибашарист, он рӯҳи зиндаи ҷаҳон, ибтидо ва беохири он аст. Аз насл ба насл барои ҳар як инсон модар муҳимтарин шахсияти зиндагӣ аст. Зан модар шуда, дар худ беҳтарин хислатҳо: меҳрубонӣ, муҳаббат, ғамхорӣ, сабру таҳаммул ва фидокориро кашф мекунад. Онҳо имрӯз ҳам аҳлу оиларо бодиққат нигоҳ медоранд, ба кӯдакон некӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ахлоқро меомӯзонанд. Меҳрубонӣ ва муҳаббат ба муҳити зист ва махсусан ба фарзанд ҷузъи ҷудонашавандаи зан – модар мегардад.
Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ соли 2009 таҳти рақами 632, 8 мартро бо мақсади бузургдошти зан - модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгарӣ наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила - Рўзи модар эълон карданд.
Аз рўи таҳлилҳои оморӣ мушоҳида мешавад, ки дар соли 2024 ҳиссаи занҳо - 5072,9 ҳазор нафар, яъне -49,3% аҳолиро ташкил кард, ва муқоиса ба солҳои гузашта таҳлил намоем, ҳисса онҳо қариб дар як сатҳ қарор дошт, мисол - соли 1990 – 50,3%, соли 1970 – 50,8%. Ин тамоюл аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати оила ва демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок амали шуда истодаст.
Бояд қайд кард, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо" барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015 нақшаи амал "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020" тасдиқ гардид. Дар соли 2015 нақшаи чорабиниҳо бахшида ба "Соли оила", Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Тоҷикистон дар Байни Кишварҳои Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро тасдиқ кард, ки инҳо мебоашнд: Конвенсия дар бораи бартараф кардани ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон, дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занҳо, дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва ғайра.
Пешвои миллат ҳамеша занонро қувваи созандаи ҷомеа меҳисобид, қариб дар ҳама суханрониҳо ӯ ҳатман ба онҳо эътимод ва дилпури зоҳир мекунад ва кӯшиш мекунад, ки масъалаҳои мухталиферо, ки ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нигаронида шудаанд, ҳал кунад. Аз ҷумла, 7 марти соли 2017 дар вохӯрии бахшида ба Рӯзи модар қайд карданд, ки: "Баланд бардоштани сатҳи таҳсилот дар байни занону духтарон шарти муҳимтарини беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли мушкилоти шуғл ва рафъи бекорӣ мебошад".
Аз дигар тараф, масъалаҳои шуғли пурмаҳсули занон – хадафи иҷтимоии сиёсати кишварамон ба ҳисоб меравад ва дар ин маврид дар Тоҷикистон «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 «Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ гардид ва соли 2023 Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати нави касбҳои барои занон манъшударо нашр кард, ки 194 касбро дар 22 бахши иқтисодиёт дар бар мегирад, ки қаблан 334 касбро ташкил медод. Бояд қайд кард, ки барои ноил шудан ба хадафи сиёсати оила ва демографии кишвар, болоравии маълумотнокии занҳо кифояги намекунад ва дар ин ҳолат ба шуғли пурмаҳсули занҳо аҳамияти ҷидди бояд дод.
Соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи занон ва таъмини некӯаҳволии онҳо, синни ҳадди ақали издивоҷро аз 17 ба 18 солагӣ боло бардошт. Таҳлилҳои омори нишон медиҳад, ки ба шарте, ки духтарон аз синни соли 18 оиладор шудан ҳуқук пайдо кунанд, дар ин ҳолат таҳлилҳо таҳқиқот нишон медиҳад, ки ҳиссаи модарон дар байни аҳолии занҳо, дар соли 2024 ба -59,4%, соли 2000 - 51,1% ташкил дод, яъне афзоиши ҳиссаи модарон дар муддати 24 соли сипари -8,3% зиёд шуд. Соли 2023 ҳар як модаре, ки дар кишварамон зиндаги дорад, қариб 3 кудаки дорад, дар инҷода масъалаҳои нигоҳибинӣ, тарбия дар мадди аввал меистад ва бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд кодексҳо, қонунҳо, қарорҳо, барономаҳо оид ба дастгирии модарон:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 2, моддаи 33 - Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд)
2. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015)
5. Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тасдиқи Номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхони қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад (соли 2004)
6. Ѕонуни Ӣуміурии Тоӣикистон «Дар бораи кафолатіои давлатии баробаріуѕуѕии мардону занон ва имкониятіои баробари амалигардонии оніо» (соли 2005)
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва ғайраҳо.
Дар хулоса бояд қайд кард, ки ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дасти модарон аст, зеро ки рушди иҷтимоиву-иқтисодии, сиёсӣ, фарҳангӣ аз ҷавонони имрузаи кишварамон мебошад ва дар инҷода ҳар як нафари мо барои тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ вобастаги саҳт дорад.
Субҳонов А.И., мудири шуъбаи таҳқиқоти демографии
Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ.