“Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд”. (Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.04.2014)
Охири қарни бистум дар Ғарб ҷараёни нави илмӣ ва амалӣ бо унвони иқтисодиёти конститутсионӣ, ки ҳамзамон самти нав дар назарияи умуми давлат мебошад, рӯи майдон омада буд. Ин раванди илмӣ, яъне иқтисодиёти конститутсионӣ такия ба пажӯҳишҳои байнифаннӣ, мушахасс дар алоқамандии миёни илмҳои иқтисодӣ ва конститутсионализм, ҳуқуқ пайдо шуда, таъсири мутақобила омилҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро дар мавриди қабули қарорҳои давлатӣ, таҳияи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва танзими онро мавриди шарҳу таҳлил қарор медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми «иқтисодиёти конститусионӣ» соли 1982 аз тарафи иқтисодчии амрикоӣ Ричард МакКинзи чун бар сифати унвони конфронс дар Вашингтоне, ки ба масъалаи таъсири муаммоҳои иқтисодӣ ба инкишоф ва ҳолати таркиби конститусионии давлат ва ҷомеа равона шуда буд, пешниҳод намудаст. Ин мафҳумро ҷомеаи илмии ѓарб зуд қабул кард ва он пажӯҳишҳо қалбии пароканда, ки дар ин ҷода вуҷуд дошт, ҷамбаст намуд. Пешниҳои иқтисодчиёнро доир ба таҳлили конститусионӣ-иқтисодӣ нахуст аз тарафи ҳуқуқшиносони назариявӣ ва амалӣ дастгири ёфта буд. Дар замони муосир дар доираи илмии кишварҳои Ғарб иқтисодиёти конститусионӣ чун зерфан (субфанн) дар доираи илми иқтисодиёти қарор гирифта, масаъалаҳои умдаи он мунтазам дар нашрияҳои даврии Гарб муҳокима мешавад. Масалан дар маҷаллаи илмии «Иқтисодиёти сиёсии конститутсионӣ» («Constitutional Political Economy»), ки аз соли 1990 маҷалаи акдемикӣ гардид буд, пайваста мақолаҳои мухталифро доир ба мавзӯъҳои иқтисодиёти конститутсионӣ, ба нашр мерасонад. Дар Руссия иқтисодиёти конститусионӣ аз соли 2000-ум дар доираи маҷмӯи пажӯҳиши иқтисодчиён ва ҳуқуқшиносон ташаккул ёфта дар раванди таълими фанҳои иқтисодиёт ва хӯқуқ истифода шуда истодааст. Масълаҳои иқтисодиёти конститутсионӣ дар маҷалаҳои «Конституционная экономика», «Право и экономика», «Законодательство и экономика» ва «Журнал зарубежного законодательства и сравнительного правоведения» чун зерфасли (рубрикаи) алоҳида ҷой дорад.
Иқтисодиёти конститутсионӣ, дарки зарурати ҳалли муаммоҳои танзими давлатиро, ки бояд на танҳо аз ҳадафҳои иқтисодӣ, балки аз воқеаяти таркиби конститусионии давлат бармеояд, тақоз менамояд. Пас, дар низоми пажӯҳиши ин фан раванди амалигардии ҳуқуқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар Сарқонун кафолат дода шудааст, муаммоҳои мутобиқ ва муносибатҳои тарафайни тадбиқи Сарқонун бо таркиби ва фаолияти иқтисодиёт, ҷой гирифтааст. Дар роҳи ҳалли ин муаммоҳо накшу манзилати давлат меафзояд. Давлат ниходи беназири ташкили ҳокимияти сиёсист, ки тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро идора менамояд. Тавре маъмул аст, мазмуни ҳокимияти дилхоҳ, пеш аз ҳама, идоракунӣ мебошад, пас, ҳокимияти давлатӣ низ идоракунӣ мебошад. Аммо ин шакли махсуси идоракунӣ мебошад, ки давлат на танҳо имконияти фарохи ташкилӣ дорад, балки ҳуқуқи тадбиқи фишангҳои маҷбуркунӣ барои иҷрои қоидаҳои расмиро доро мебошад. Дар давраи соҳибистиқлоии кишвармаон, дар ҳаёти ҷомеа равандҳои объективии тағийроти сифатӣ сурат гирифта истодааст, пайваста ба он мазмуни давлат низ дигаргун ва комил гашта истодааст. Дар миёни ин тамоилҳо тағийроти прогрессивӣ ва ё пешрав тадриҷан самти афзалия гирифта истодааст. Давлат бештар ба нерӯи ташкилдиҳандаи ҷомеа табдил ёфта манфиати ҷомеа ва аъзоёни онро, ки дар Сарқонун дарҷ шудааст, ифодаву ҳивз намуда истодааст. Масалан дар моддаи 12. Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медихад”. Мехаизми иқтимоӣ ва иқтисодии тадбиқи ин моддаи муҳими Сарқонунро каме шарҳ медиҳем. Ташаккул ва инкишофи шаклҳои мухталифи моликият ва бахусус моликияти хусусӣ, маҳсули густаришу такмили ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Шаклгирии иқтисодиёти омехта, ҳамзистии ва рушди баробари моликияти давлатӣ, саҳҳомӣ, гурӯҳӣ, кооперативӣ, фермерӣ, инфиродӣ ва ғайраҳо ба мазмуни моликияти хусусӣ ва инфиродӣ хусусиятҳои сифатии нав бахшидааст. Метавон гуфт, ки раванди гузариши моликияти аккалҳо ба моликияти аксариятҳо сурат гирифта, дар натиҷаи дигаргуншавии эволютсионӣ муносибатҳои моликият моҳияти иқтисодиву иҷтимоии давлат, ҳадаф ва вазифаҳои он низ сифатан тағийр ёфта истодааст. Ҳадафи бунёди шароити ниҳодӣ ҳуқуқӣ дар ҳамзистии баробари шаклҳои гуногуни моликият ва хоҷагидорӣ ин рушди соҳибкорӣ ва рақобати солим дар иқтисодиёт мебошад. Соҳибкорӣ на танҳо дар маънии маҳдуд чун фаъолияти иқтисодии махсус, ки дар асоси сармояи хавфӣ барои гирифтани фоида равона шудааст, балки вай организми иҷтимоӣ мебошад, бо туфайли сифати шахсияти соҳибкор ва дар натиҷаи ба вуқӯоии самараи синергетикии он инкишофи сифатии ҳаёти иҷтимоӣву иқтисодии ҷомеа сурат мегирад. Ҳамин тариқ дар нақши соҳибкор амалигардонии вазифаҳои иқтисодии дорои аҳамияти иҷтимоӣ дошта, низ марбут аст. Назаргирии табиати иҷтимоии соҳибкорӣ имконият медиҳад, ки инкишофи онро дар ҷумҳурӣ чун мӯҷизаи мусбӣ ки дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа рӯи кор меояд, арзёбӣ намоем. Дар решаҳои таърихии мардуми мо (мӯҷизаҳои тарзи осёгии истеҳсолот), пеш аз ҳама руҳияи коллективизм, ҷомаепарастӣ нуҳуфта аст. Ниёгони мо аз амалигардонии нерӯву имконияти худ, ки барои ҷомеа нафъ меовард, фараҳ мегирифтанд, қоне мегаштанд ва ин корро муқаласс мепиндоштанд. Фаъолияти онҳо пеш аз ҳама на барои гирифтани арзишҳои моддӣ, балки барои қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ ва ахлоқӣ равона шуда буд. Аз ин лиҳоз, дар соҳибкор шахияти он, ва накши беназири он дар ҷомае чун типи иҷтимоӣ бузург аст. Бинобарон, олими бузурги рус Н. Кондратев нақши муҳими созандаи соҳибкорро дар доираи соҳибкории хурду миёна тасаввур намудааст. Зеро, ки маҳз ин ҷо вазифаи соҳибмулк ва соҳибкор рост меояд ва табитати он чун муҳаррики тавонои инкишофи иқтисодиёту ҷомеа рӯи майдон меояд. Дар соҳибкории хурд, типи рафтори ташабусскорӣ ва навгонӣ мушоҳида мешавад, зеро, дар он озодии фаъолият ва интихоб, ки нахуст омили инкишофи инсон ҳам мебошад, ҷой дорад. Дар асри худ яке аз поягузори илми иқтисодии классикӣ А. Смит оид ба таъмини озодии фардӣ ҳар як инсон дар доираи фаъолияти хоҷагидорӣ, ки механизми “дасти ноаён” ва рақобат ба танзим меорад, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда буд. Вай таъкид кардааст, ки дар соҳаи иқтисодиёт, агар инсон дорои интихоби озод бошад, пас вай роҳи манфиатоварро пайгирӣ менамояд: амалу фаъолияти вай аз манфиати шахсиаш баромада, ҳамзамон он бо манфиати воқеии ҷомеа рост меояд. Бинобарон, дар давлати муосир молкияти хусусӣ ба ниҳоди ҷамъяитӣ табдил меёбад ва ба низоми иқтисодии ҷомеа чун ҷузъи органикӣ пайваст гашта, заминаҳои моддиву маънавии онро таъмин месозад. мегардад. Ҳамин аст, ки дар моддаи 32- и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки.”Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад. Товони зарари модди ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо руёнида мешавад”.
Чи тавре дар боло ишора шуд соҳибкории хурд дорои ташбусскорӣ ва рафтори инноватсионии хос мебошад. Дар он руҳияи эҷодкорӣ ва фаолияти мутобиқгардиву гурӯҳи одамони ҳамақида, ки ба коркарду тадбиқи равандҳои инноватсионӣ равона шудааст, нуҳуфта аст. Олими австовенгерӣ И.Шумпетер чунин хислатҳои сифатии хоси соҳибкоронро таъкид намуда буд: Якум, кору фаъолияти соҳибкорӣ аксаран ба маънои ҳаётии он табдил меёбад. Дар раванди ноил гаштани ҳадафҳо худ ӯ аз натиҷаҳои меҳнати эҷодиаш фараҳ мебарад, сарбастаи кору фаъолияти худ на танҳо дар вақти корӣ балкӣ дар вақти берун аз корӣ (вақти озоди шахсии худ) мебошад. Дуюм нерӯи зеҳнии он ҳодисот (сегмент) ё фаъолияти муаяйну мушахасси истеҳсолӣ ҷой гирифтааст. Ин имконият медиҳад, ки вай равандҳои зарурирро сарбут ба ин кори мушахасс муфассал омӯзад, устуворирро пайгирӣ намояд ва таваҷӯҳи худро ба ноил гаштани ҳадафи асосӣ сафарбар намояд. Сеюм, дорои ҳисси баланд ва иродаи бузург аст. Ин сифатҳо норасоииҳои иттилоотиро, ки он пеш аз ҳама бо кушодани кору фаъолияти и нав пайвастагӣ дорад, ҷуброн менамояд. Иродаи шикаснопазир он имконият медиҳад, ки муқовимати муҳити берунаро (анаъана, меёр, одатҳо ва ғ) бартараф намояд ва шӯҳрати худро дар миёни ҳамкорони худ, (ки онҳоро аз қафои худ мебарад) устувор намояд. Бинобарон, дар тамоми кишварҳои мутарақии ҷаҳон соҳибкории хурд заминаи асосии иқтисодиёти онҳоро ташкил медиҳад ва аз 50 то 70 фоизи тавлиди ҳаҷми умумии маҳсулоти молу хизматҳоро ба дӯши онҳо мебошад. Онҳо дорои рақобатпазирии афзалиятнок буда ҳамчун субъекти самараноки динамики ва тадбиқгари ҷараёни навгонӣ дар иқтисодиёт мебошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити ниҳодӣ ва муҳити мусоид барои рушди инкишофи соҳибкории худ фароҳам омадааст. “Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид”. (Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023 ),. Бояд қайд намуд, ки инкишофи суръатноки соҳибкории хурд дар мамлакат пас аз солҳои 2000 ум ӣа чашм мерасад. Афзоши теъдоди онҳо бо равандҳои эволютмионӣ, сатҳи мутобиқгардии аҳолӣ ва хонаводаҳо ба шароити нави хоҷагидорӣ, ҳамзамон бо густаришу такмилёбии муҳити беруна (таркиби ниҳодӣ) алоуаман аст. Масалан, агар дар давраи соҳои 2000 ва 2005 адади соҳибкории хурди амалкунанд аз 1342 то 1669, яъне 37 адад ва ё 24,3% афзуда бошад, пас дар давраи солҳои 2005 -2012 аз 2865 то 3890, яъне 2221 адада ва ё 33,1% зиёд шудааст. Cоҳибкорони хурд дар соли 2022 беш аз 21056 адаро ташкил додаастаст, ки нисбат ба соли 2012 беш аз 5,4 маротиба афзудааст. Шумораи соҳибкорони инфиродии ба қайд гирифташуда тибқи патент ва шаҳодатнома соли 2022 беш аз 654971 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2015 беш аз 62% зиёд шудааст. Ин раванди мусбист, ки саҳмгузории онҳо дар таъмини сиёсати иҷтимоии давлат, умуман баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ, беҳдошти ҳаёти мардум мушоҳида мешавад. Теъдои соҳибкории хурд ба ҳар як миллион аҳолии кишвар, низ зиёд шуда истодааст. Дар мамалакатҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҳар 1 млн. аҳолӣ беш аз 3 ҳазор соҳибкории хурд рост меояд, ки ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ беш аз 6-7 маротиба паст мебошад. Бинобарон, яке аз вазифаҳои муҳим дар марҳалаи имрӯз пажӯҳиши омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва муҳити беруна, ки рушди соҳибкории инноватсиониро бозмедорад, буда, дар асоси он қабули тадбирҳои маҷмӯии дар роҳи эҷоди муҳити созгор барои афзудани миқдори онҳо мебошад. Ҳамин буд, ки аз тарафи Пешои миллат, Президети мамлакат дар Пайёми соли равон, супориш дода шудааст, ки “Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.” Муҳимияти иҷтимоиву иқтисодии масъалаи рушди соҳибкории хурд дар он аст, ки пайваста бо афзудани миқдори онҳо на танҳо масълаи ташаккул ва инкишофи қишри миёнаи ҷомае, балки тақсимоти адолатноаи захираҳо ва даромадҳо миёни субъектҳои иқтисодӣ сурат гирифта сатҳи деференсиатсияи даромадҳо ва нобаробариитақсими даромадҳо дар ҷомеа паст мешавад. Таъсири манфии монополияи иқтисодӣ ва ё манополияи сармоя, ки омили боздорандаи руши ҳаёти иҷтимои иқтисодии мамалакат мебошад, мутъдил мегардад. Ҳамин тариқ, нақши навоварии соҳибкории хурд ва ахамияти иҷтимоии он чун суъекти фаъоли иҷтимоӣ трансформатсияи ҷамъиятӣ имконият медиҳад, ки да амал як қатор вазифаҳои иқтисодиёти конститутсинӣ тадбиқ гардад.
Аброр Мирсаидов,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини
директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ