КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ ДАВЛАТ ВА ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Автор: IED.TJ Дата публикации: среда, 16 Октябрь, 2024 - 15:54

«Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Аз ин рӯ, бе доштани Конститутсия эҷоди ин гуна давлат номумкин аст»


Эмомалӣ Раҳмон

Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш муайян шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам китобе ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт», «Бахтнома» мегӯем, зеро дар ин китоб, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонунҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудааст. Бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд. 
Вақте, ки сухан дар бораи Конститутсия меравад, мо ҳатман ҳомӣ ва тарроҳи ин номаи бахту саодати миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши рӯ меоварем, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҷомаи амал пӯшидани орзӯи деринаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ дар чорчӯбаи арзишҳои фарҳангӣ буда, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакати мо ба амал бароварда шуд.
Бояд зикр намуд, ки ба бахти мардуми азизи Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд ва 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун бахтномаи миллат ва раҳнамои давлат ба сӯи музаффариятҳои навин маънидод шуда, барҳақ яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад. Метавон гуфт, ки маҳз бо шарофати қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҷмӯи рӯйдодҳои навин дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ оғоз гардиданд. 
Маҳз талошҳои пайваста, ғояҳои пешқадам ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки роҳи дурахшони миллати моро зери ҳидоятҳои Роҳбари дурандешу хирадманди кишвар муайян намуд. 
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсияи мо ба мисли чароғи раҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун месозад. Он меҳварест, ки тамоми неруҳои созандаи кишварро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд». 
Маҳз бо риояи қатъии меёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.
Ќайд намудан ба маврид аст, ки таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои ақлонӣ, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд. Халқи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо баробари қабули Конститутсия роҳи нави инкишофи худро интихоб намуд, ки ин давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Он ҳамчун санади воқеан, таърихиву муқаддаси давлату миллати тоҷик ва танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷомеа дар таҳкими сохти нави давлатдорӣ нақши муҳим бозид. 
Бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз вазъи номуътадил ва номуайяни ҳуқуқие, ки ҷомеаро фаро гирифта буд, бартараф гардида, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути он аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Конститутсия ҷомеаро муттаҳид сохт ва ин сарҷамъӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи арзишманду нодири охири асри ХХ- фарҳанги сулҳи тоҷиконро эҷод ва ба амал татбиқ намуд. Ин таҷрибаи нодир оламиёнро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзишу татбиқ дар арсаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. 
Конститутсия таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишварро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст. Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.
Тибқи Конститутсия давлати мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эълон гардида, имрӯз тавассути ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши арзанда мегузорад. Бахусус, ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ боиси дастгирии ҷомеаи башар гардидаанд.
Воқеан, натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст. Имрӯз   мо ифтихор дорем, ки  соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошем ва  дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунем.
Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо мо ходимони илмиро зарур аст, ки ба қадри тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллии дар Конститутсия эълонгашта расида, дар фаъолияти ҳаррӯзаамон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзем.    

 
Ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ,

н.и.и. Шералиев Абдувоҳид Абдуҳомидович

Меню: