Санаи 04-уми сентябри соли 2024 дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ аз корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамаи мову шуморо мебояд дар пешрафти илми тоҷик дар дохил ва дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошем. Инчунин, дар рафти ҷаласа бахшида ба истиқболи 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони муассисаҳои илмии АМИТ мукофотҳои давлатӣ тақдим карда шуданд, аз ҷумла, Раҳмон Юсуф Азим – н.и.и., ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2024 №847 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.
+992 (37) 221-67-50 Главная | Карта сайта | Контакты |