КОШ ЧУНИН ФИРЕБИ СИЁСӢ ТАКРОР НАЁБАД

Автор: IED.TJ Дата публикации: вторник, 30 Апрель, 2024 - 12:00


         Ёдовар бояд шуд, ки ҳамчун мутахассис зуҳуроти даҳшатафканӣ, хиёнаткорӣ ва тӯҳматро ба ҳеҷ ваҷд қабул  карда наметавонам. Аммо, муттаасифона, чунин падидаҳои номатлуб арзи вуҷуд доранд ва инсоният бояд ҳамеша ба онҳо муқовимат дошта бошад. Кош чунин бошад, ки бошад. 
       Медонам, ки одами бешараф ва ё намояндаи баъзе аз кишварҳо баъзан  ба ифрот даст зада, ҳадду меъёр ва  эҳтирому  арзишҳои инсониро қабул карда наметавонад. Мегӯям, ки кош чунин набошад, аммо мутаассифона, чунин будааст. 
        Бинобар ин, аз Яздони пок талабу илтиҷо дорам, ки амалиёти бешарафонаи   «Крокус Сити Холл» ҳеҷ вақт такрор наёбад, ки он фоҷиаи мардуми оддӣ, амали террористӣ ва муносибати ғайриинсонӣ будааст ва бояд маҳкум карда шавад. Кош ин амали репутатсионӣ ба сари миллати мо тӯҳмат ва ё фиреби сиёсӣ  бошад. 
        Ба замми ин, андеша дорам, ки ҳама зиддияту номуайяниҳои ин фоҷиаро ҳамчун тӯҳмат қабул намоям, зеро дур нест он рӯзе, ки исботи ин тӯҳмати  муаммоангез пайдо нагардад. Лек агар пайдо ҳам гашт, мутаассифона, он аллакай зарбае ба имиҷ ва манфиатҳои миллист. Кош чунин намебуд, аммо чи илоҷ чунин карда шуд. 
        Мавриди тазаккур аст, ки ҳама гуна ҳокимияти муштзӯре, ки ҳаду ҳудуди қудратмандии худро ба дигар миллату халқиятҳо равона мекунад ва мардумро ба нокомиҳо гирифтор мекунад, мерасад рӯзе, ки худаш худро ба коми ноумедиҳо фурӯ мебарад. Аммо бозиҳои пасипардагӣ, тӯҳмату буҳтон, таҳқиру бадбинии миллӣ ва фоҷиаҳои бофтаю сохта дар назди оммаи мардум ҳамеша, ифшо мегардад. Кош чунин бошад. Аммо  абарқудратони даҳр инро на фарзияю «парадокс», балки ҳақиқати шуми субъективӣ медонанд. Афсус, ки чуни будааст. 
      Бояд гуфт, ки аз ҳуқуқу озодиҳо дур намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, маҷбурнамоии сиёсӣ, истисмор, зулми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи бегона ва ғ., бештар боиси пайдо шудани вобастагии одамон ба зоҳиршавии заминаҳои динию ифротӣ тақвият мебахшанд. Бозигарони сиёсӣ мутаассифона, чунин идеологияро ҳамеша барои истифодаи содакунонии шуури сиёсии шаҳрвандон ва назарфиребии аҳолӣ истифода мебаранд. Зеро маҳаки асосии идеологияи ифротӣ бештар ифодаи рӯҳияи инсонбадбинӣ ва тафриқаандозиро аз рӯи мансубияти миллию динӣ бо хусусиятҳои  тундгароёнаи худ тарғиб мекунад, ки ин амали хатарзои геополитикӣ мебошад. Кош чунин набошад, ки барои мо дигар ҳимоя кардан дар бисёр самтҳо душвор мегардад.
        Мусаллам аст, ки  вазъи имрӯзаи ҷомеа таззодҳои гуногунро дар бар мегирад  ва  аз чӣ бошад, аксари кишварҳои абарқудрату тавоно бо ҳар баҳона обрӯ ва имиҷи давлатҳои тозаистиқлолро кӯшиши паст задан доранд. Кош чунин набошад, аммо чунин ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, мо дар ҳама ҳолат бояд бо сабру таҳаммул буда, ҳифзи манфиатҳои миллиамонро аз ҳама авлотар донем.    
      Шояд барои фоҷиаи «Крокус Сити Холл» ва зуҳуроти номатлуби он дигар  аксуламал ҳикмате надошта бошад? Албатта, бояд чунин набошад ва ин маънои онро надорад, ки мо моҳияти онро хуб ҳис накардаем, вале воқеан, мо онро дуруст дарк намудаем. Аз ин лиҳоз, такрор ба такрор мегӯем, ки идеологияи миллӣ барои мо имрӯз таҷассумгари гузашта, раҳнамои ояндаи миллат аст, ки мо онро бояд ба роҳ монем ва тақвият бахшида тавонем. 
      Бале, мо тавсия медиҳем, ки танҳо захираи инсонӣ, идеологияи миллӣ ва   пос доштану баррасӣ намудани арзишҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз, шуҷоати миллӣ, расму русум, забону ҳунар, дину оин ва таълиму тарбияи миллӣ метавонанд, ки мардуми моро аз вартаи ин ботлоқи пур аз тӯҳмату буҳтон берун кашад. Зеро умри андешаи ботил ва амали бадгуҳарӣ кӯтоҳ аст ва ҳақиқат бояд ба ҳақдор расад. Кош чунин бошад, ки мо ифтихори фарҳангсолорию тамаддунофарӣ дорем. 


Муҳаммад Абдураҳмон- ноиби Президенти АМИТ,

доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Меню: