Санаи 19-уми марти соли 2024 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои илмии назди академия, аз ҷумла, Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани табрикотии худ иброз дошт, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони минтақа буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад ва ҷашнест, ки тамоми олами табииро зинда менамояд.
Дар чорабинии идона аз тарафи муассисаҳои илмии назди АМИТ бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ хони наврӯзӣ бо номи Ҳафт сину Ҳафт шин ва Ҳафт мим, кулчаҳои калони наврӯзӣ, шириниҳо ва кулчақандҳо, инчунини, намоиши анъана ва урфу одатҳои миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангии наврӯзӣ ороста гардид. Дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд.
Наврӯз, биё хонаи ободи маро бин,
Сартосари ин кишвари озоди маро бин.













Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







