АҲАМИЯТИ ПАЁМ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ, МУҲИМИЯТ ВА МУБРАМИЯТИ ОН

Автор: IED.TJ Дата публикации: среда, 6 Март, 2024 - 11:31

   Иқтисоди рақамӣ тақозои муҳими рушди даврони муосир мебошад, бинобар ҳамин, яке аз манбаъҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар рақамикунонии соњањо мебошад. Барои ташкили иқтисоди рақамӣ бояд асосҳои базавии шакли муосири меъёрию ҳуқуқӣ, низоми нави самараноки идоракунии давлатии захираҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва технологияҳои рақамӣ ва механизми нави ҳамкории шабакавӣ дар ҷомеаи иттилоотиро барои аҳолӣ бояд бароҳ монд. 
   Ташаккули иқтисодиёти рақамӣ аз инфрасохторҳои техникию технологӣ, шабакаҳои иттилоотию коммуникатисонӣ, интернети фарохмавҷии баландсуръат, таъсиси дата-марказҳо, сохтани платформаҳои рақамии соҳавӣ вобастагии дошта, бе чунин ифрасохтор рушди он пеш рафта наметавонад.  
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ибтидоии иқтисоди рақамӣ қарор дошта бошад ҳам, оғози қадамҳои нахустини худро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар кишвар тавассути фаъолияти ТИК дар соҳаҳои мухталифи кишвар ба роҳ монда, солҳои охир як қатор дастовардҳоро ноил гардидааст. Афзалият ва пешрафтҳои он таҳияи «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», инчунин дар соҳаҳи хизматрасониҳои бонкӣ, низоми андозбандӣ, шаҳри бехатар, КВД «Шаҳри ҳушманд» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барномаи eDonish барои барои муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ба ҳисоб мераванд.
   Масъалаи рушди иқтисоди рақамӣ яке аз масъалањои муҳим барои тамоми кишварҳои ҷаҳон ба њисоб меравад. Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомали Раҳмон дар тамоми вохуриҳо бо кормандони давлатӣ ва дар Паёмҳои солонаи худ оид ба масъалаи рақамикунонии соҳаҳои афзалиятнок ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ суханронї мекунад. 
Дар Паёми солонаи худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ки санаи 28.12.2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, қайд карданд, ки «Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем».
   Инчунин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ҷиҳати рақамикунонии соҳаҳои маориф, молиявию бонкӣ, низоми андоз, нақлиёт, муҳити зист ва ҷорисозии технологияҳои рақамӣ дар бахши фаъолияти гумрукӣ ба вазоратҳои дахлдори кишвар супориш доданд, ки раванди рақамикунонӣ босуръат ба роҳ монда шавад, ки иқтибосҳо вобаста ба ин раванд аз Паём чунинанд:
    1. «Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд». 
   2. «Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки дар самти дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат, дастрас ва бо фоизи паст, инчунин, пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд».
   3. «Бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз» ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд».
   4. «Дар баробари сохта ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин, ҷорӣ намудани механизми назорати рақамии ҳаракати нақлиёти гаронвазн хеле муҳим аст. Илова бар ин, барои пурра ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар бунёди марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва афзоиш додани шумораи нақлиёти боркаш, аз ҷумла, воситаҳои нақлиёти яхдондор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон муҳим мебошад».
   5. «Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадоранд, ки минбаъд низ ҷиҳати ҷалби сармоя ва самаранок амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла, лоиҳаи шабакаи ягонаи назорати рақамии ченкунии вазни нақлиёти боркаш тадбирҳои ҳатмӣ андешанд. Бар замми ин, Вазорати нақлиёт ва Хадамоти гумрукро зарур аст, ки ҷиҳати васеъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ташкили «долонҳои сабз», бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва мувофиқи стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд кардани терминалҳои наздисарҳадӣ чораҷӯйӣ намоянд. Илова бар ин, дар самти ташкили озмоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ, ҳалли масъалаи эътирофи сертификати сифат дар доираи савдои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои шарик ва ташаккули «долони сабз»-и бо технологияҳои рақамӣ муҷаҳҳаз тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд».
    6. «Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад».
   Хулоса, иқтисоди рақамӣ ҳамчун соҳаи калидии рушди ояндаи иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, дар оянда ҳамоҳангсозии тамоми соҳаҳои ҳаётии ҷомеи иттилоотӣ аз пешрафтҳои иқтисоди рақамӣ вобаста мебошанд. Иқтисоди рақамӣ ҳамчун соҳаи калидї барои иќтисодиёти давлат ва ҷомеа нақши муҳимро бозида, кам кардани хароҷотҳои зиёдатӣ, аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав дар фазои онлайнро таъмин менамояд, лекин дар ин самт камбудиҳо низ мавҷуданд, ки онҳо хавфи баромадани иттилоот, афзоиши шумораи қаллобон, истифодаи маълумоти шахсии одамон барои назорати рафтори онҳо аз ҳисоби шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои вебсайтҳо, аз байн рафтани як қатор касбҳо ва салоҳиятҳои талабнашуда, аз ҳисоби роботикунонии истеҳсолот кам кардани шумораи коргарон, набудани малакаи кормандон оид ба кор бо технологияи нав ва майлу хоҳиш надоштан ва ё нотавонии баъзе категорияњои шаҳрвандон аз истифода бурда натавонистани технологияи нав дар амал мебошанд. Новобаста аз ин, ќайд намудан бамаврид аст, ки ҷомеа беихтиёр ба ин фазо ворид мешавад, чунки ҳама кору хизматрасониҳо дар шароити муосир аз фазои онлайн ва технологияҳо вобастагї доранд.


Қурбонализода Давлаталӣ – докторанти курси 2 – юми ихтисоси

«Идоракунии лоиҳаҳо»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Меню: