Омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Автор: IED.TJ Дата публикации: вторник, 27 Декабрь, 2022 - 12:29

27 декабри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ва бо иштироки кормандони ИИваД АМИТ ҷаласаи навбатӣ вобаста ба омӯзишу таҳлили Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 ироа карда шуд, баргузор гардид.
Қайд гардид, ки Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагидории мамлакат ҳамчун раҳнамое арзёбӣ мешаванд, ки ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла, беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, маърифатнокии ҷомеа, таҳкими ғояҳои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ нигаронида шуда, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас ба рушду равнақи тамоми соҳаҳои кишвар алоқаманд мебошанд. Таъкид гардид, ки нуктаи меҳварии Паёмҳои Пешвои миллат фарогири масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 14 декабр зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул кард. Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома ибтикороти Пешвои муаззами миллат бобати (1) Эълон шудани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; (2) Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; (3) таъсиси Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ; (4) соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди неруи инсонӣ, ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи Тоҷикистон, дар умум, рушду инкишофи Ватани азизамон мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б., д.и.к. Садридинов С., д.и.и. Шарипов Б.М., н.и.и. Муминова Ф.М., н.и.и. Бобоев А.А. ва дигар ходимони илмӣ баромад намуданд.
 

Меню: