Тайи чанд рӯз аст, ки дар як гӯшаи кишвари маҳбубамон нооримиву нотинҷист. Бемасъулиятиву беаҳамиятӣ ва бепарвогиву бефарҳангии баъзе аз гурӯҳҳо дар ҳамсоякишварамон - Қирғизистон моро ба вартаи ҷанг кашид. Мутаассифона, дар ин ҷанги хонумонсӯз беҳтарин фарзандони миллати мо, ки қарзи Модар-Ватанро адо мекарданд, туъмаи тири душманон гардиданд. Бераҳмии ҷаллодони қирғиз то ба дараҷае расида будааст, ки ҳатто Асмоаи 6-сола ва Имрони 5-соларо ҳадафи тири худ қарор додаанд. Ин кӯдакони маъсум бо садҳо ормонҳои кӯдакӣ иҷборан аз дунё рафтанд, ва ё ба қавли дигар, фариштаҳои кӯчаки ормонӣ шуданд.
Ақлу фитрати солими роҳбарони сиёсӣ ва зиёиёни Қирғизистон ва дигар кишварҳои ҳамсояро даъват менамоем, ки ҳамзистии осоиштаи мардуми минтақа, ки таърихи ҳазорсолаҳо ташаккулётаро доро мебошанд, нашикананд.
+992 (37) 221-67-50 Главная | Карта сайта | Контакты |