Амнияти Осиёи Марказӣ – кафили пойдории ҳар як давлат

Автор: IED.TJ Дата публикации: четверг, 15 Сентябрь, 2022 - 16:10

Ҷаҳони муосир хеле ноором ва дар бӯҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву идеологии шадид қарор дорад, ки аслан сабаби он шиддат гирифтани муқовимати қудратталабиҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин  вазъият бе чуну чаро ба оромиву осоиштагии кишварҳои ИДМ, аз он ҷумла, Осиёи Марказӣ таъсири худро расонидааст. Масалан ҳодисоте, ки дар сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ҳар як нафар мардуми ин минтақаи Осиёи Марказиро ба изтироб овард. Чаро, ки мардуми ин минтақа дар тӯли таърихии дуру дароз ҳамзистии осоиштаву бародарона,  хешу таборӣ доштанду  яку якбора ин ҳодисоти нанговар, ки таи 2-3 соли охир шиддат гирифтаасту боиси марги аҳолӣ ҳам гаштааст, афсӯс мехуранд. Мардуми тоҷик дарк менамояд, ки ҳуҷуми мусаллаҳона аз тарафи Қирғизистон ба Тоҷикистон на ташаббуси мардумии одии қирғиз, балки ташаббуси як гурӯҳи кӯчаки манфиатҷуйи қирғиз мебошад.  Қудратталабони ҷаҳонӣ бо роҳи ташкили ҷангҳои локалӣ ҳадафи тақсиму бозтақсими ҳудудии ҷаҳон ва азхуд намудани захираҳои нодири минтақаҳои ҷаҳон, аз он ҷумла, Осиёи Марказиро амали карданӣ ҳастанд. Аз ин кор на танҳо аслиҳаҳои ҳарбӣ, балки маблағҳои хеле калон барои ташкилкунандагони ҳуҷумҳои ҳарбӣ ҷудо карда мешавад. Боварӣ дорем, ки барои азхуд намудани ин маблағҳои калон маъсулони сатҳи баланди  сиёсӣ, аз он ҷумла, кормандони баландрутбаи амниятии Қирғизистон манфиатдоранд ва халқи бегуноҳи қирғизро, ки дар марз умр ба сар мебурданд 14 сентябри соли равон ба ин ҳучуми ноҷавонмардона ба сӯи Тоҷикистон ташвиқ ва ташкил карданд. Чуноне, ки ахбороти интеретӣ хабар медиҳанд, худи мардуми қирғиз аз корҳои хиёнаткоронаи сардори амнияти миллии худ огаҳ шудаанд. Мардуми Осиёи Марказӣ, бахусус, Тоҷикистон дар ягон ҳолат тарафдори ҷанг намебошанд. Роҳбарони сиёсӣ ва амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, Қирғизистон бояд дарк намоянд, ки дар ҷаҳони муосири ноором фақат таъмини амният, сулҳу ваҳдати кишварҳои минтақа метавонад пояндагии ҳар як давлатҳои минтақаро таъмин менамояд.  

Таджикский

Меню: