Санаи 17-уми июни соли 2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони «Иҷлосияи XVI - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ» баргузор шуд. Конференсияро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуданд. Дар чорабинии мазкур инчунин, намояндаи бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода ва Раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар конференсия директори Инситути иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода дар мавзўи «Иҷлосияи XVI - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқтисодиёти миллӣ» баромад намуданд.
+992 (37) 221-67-50 Главная | Карта сайта | Контакты |