Чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Автор: IED.TJ Дата публикации: Пятница, 18 Март, 2022 - 15:28

Санаи 18-уми марти соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид. Чорабинии наврӯзиро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки Наврӯз қадимтарин, зеботарин, муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми ориёӣ буда, зиндашавии табиат, пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадиро дар худ таҷассум менамояд. Саҳни Институт бо шиору овезаҳои наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, оростани дастархони Наврӯзи, хафт сину ҳафт шин, гулдӯзиҳо, чаканбофӣ, атласбофӣ, асбобу мусиқихои миллӣ ва пухтани таомҳои миллӣ ороста гардида, ба маърази тамошобинон гузошта шуда буд. Инчунин, дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд.

Меню: