Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Автор: IED.TJ Дата публикации: четверг, 17 Март, 2022 - 13:31

Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод!
Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод!
Хуш омада Фарвардин, ҷонбахши заминро бин,
Дай хезаду бигрезад, Наврӯз муборак бод!


Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад. Гузаштагон Наврӯзро, умуман, фасли баҳорро зиндашавии табиат мегӯянд. Дар фарҳанги бою пурғановати мо, тоҷикон, Наврӯз рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи фараҳ, рӯзи адлу инсоф, рӯзи бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар ва рӯзи оштӣ мебошад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз аз нав зинда мегарданд. Чуноне Ҳофизи Шерозии ширинкалом гуфтааст:


Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.


Ин навшавӣ ҷузъи фарҳанги қадимаи мост, ки имрӯз ҷаҳонро ба беҳтар зистан даъват карда, қалбҳову андешаҳои некро пеша менамоянд.
Хушбахтона, 19 феврали соли 2010 бо ибтикори фарзанди фарзонаи тоҷик - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сарони давлатҳое, ки Наврӯз дар кишвари онҳо ҷанбаи таърихӣ дорад, Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзи Аҷамро ба рӯйхати ҷашнҳои умумимиллӣ дохил намуд. Бисту ду сол инҷониб, Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапайро дар марҳилаи нави таърихии худ, яъне дар шароити Истиқлоли давлатӣ, дар даврони созандагиву бунёдкориҳо ва рушди устувор мутантан ҷашн мегирад. Ватани азизи мо имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабир ва Доро, Исмоили Сомониву Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ва ҷаҳонишавӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои нав пайдо намуда, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, ки он моҳияти ҷашни инсонпарварона ва зебопарастӣ дорад. Мо, тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покиву зебоӣ, баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ таҷлил менамоем.
Ҷашни Наврӯз Соли Нав ба ҳисоб меравад, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ (1-уми фарвардин ё ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ) фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро Ҷашни сари сол низ меноманд. Ҳамзамон, тақрибан, зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯзро вобаста ба сари тахт нишастани шоҳ Ҷамшед низ нисбат медиҳанд. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз дай (зимистон) фаро мерасад, вобаста аст.
Наврӯзи Аҷамро тавре ки қаблан зикр намудем, дар бештари кишварҳо ҷашн мегиранд ва хушбахтона, Иди Наврӯз қабои тоҷикона ба бар дораду номи тоҷикона. Ин аст муждаи баҳор то имрӯз ва фардоҳои дигар…


Сабзгун пуштаву саҳрои Ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷойи Ватан.
Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.


Ходими калони илмии
шуъбаи таҳқиқоти демографии 
Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ,
Сафарова Н.С.

Меню: