Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар»

Автор: IED.TJ Дата публикации: суббота, 5 Март, 2022 - 14:05

              05 марти соли 2022 дар толори Шурои олимон бо иштироки тамоми бонувони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» доир гардид. Директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода кулли занону бонувони Институтро бахшида ба «Рӯзи модар» табрик гуфта, зикр намуд, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар як фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад. 
              Дар идома академики АМИТ, мудири шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда Қаюмов Н.Қ., ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ Тоҷев М.Н. ва дигарон бонувони Институтро бо ин рўзи фараҳбахш табрик намуданд.


Модар, ту биҳишти ҷовидонӣ, Модар
Хуршеди баланди осмонӣ, Модар.
Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорист,
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ, Модар.
 

Меню: