РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — ҶАШНИ ИФТИХОР ВА ИХЛОСМАНДӢ. Андешаҳои профессор Муҳаммад Абдураҳмон дар ин маврид

Автор: IED.TJ Дата публикации: Пятница, 7 Январь, 2022 - 09:22

ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он  шахсиятҳои бузурге  маҳсуб меёбанд, ки на танҳо дар ташаккули рушди навини давлатдорӣ ва созандагию бунёдкориҳо, балки барои баланд бардоштани шаъну шараф ва нуфузи миллатамон корҳои  зиёдеро  ба анҷом расонидаанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16  ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар кишвари мо ба як ҷашни анъанавии  сиёсӣ мубаддал  гардидааст, ки  шаҳрвандони  Тоҷикистон ва  тоҷикони бурунмарзӣ  ихлосмандии хешро  ба  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун ҳомии сулҳу  ваҳдат  баён менамоянд. Дар  Рӯзи  Президент  муҳаққиқон, донишмандон ва  ихлосмандони  Сарвари сиёсии кишвар хизматҳои бесобиқаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди Тоҷикистон пеши назар  оварда, ифтихору эътиқоду саодатмандии мардумро нисбат ба  Президенти мамлакат баён  менамоянд. Андешаҳои ноиби  Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Муҳаммад АБДУРАҲМОНро ба ин муносибат манзури хонандагон мегардонем.

-Корнома ва зиндагиномаи Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон ба эҳёи хотираи таърихӣ ва сарнавишти давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.

Агар аз рӯи дарки ҳақиқат хизматҳои  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи пешрафти илму маориф бо амалҳои бунёдкориашон зам намоем, пеши назарамон қобилияти баланди  кордонӣ  ва касбияти сиёсии ин шахсияти шинохта ҳамчун Пешвои муаззами миллат  намоён мегардад.

Ҷаноби Олӣ дар тӯли фаъолияти кориашон дар тарбияи мутахассисони болаёқати илмӣ, кордон ва уҳдабаро саҳми арзанда гузошта, барои ихтисосманд шудан донишҷӯёну мутахассисони ҷавонро ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафарбар намуда тавонистанд. Президенти кишвар мактаби давлатдории миллиро эҳё намуданд, ки барои обрӯ ва ташаккули ҳувияти миллӣ арзиши муҳими сиёсӣ дорад.

Ба андешаи мо, сохти идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддие барои эҳё ва дигаргуниҳои куллӣ ва тағйири низоми арзишҳои миллӣ гардида, ҷиҳати  рушди минбаъдаи кишварамон  заминаи воқеӣ муҳайё намуд.

Дар ин рӯзи  ҷашн  маврид ба ёдоварист, ки бо ибтикору роҳнамоии Президенти мамлакат  дар кишварамон   чорабиниҳои зиёди  илмию адабӣ, озмунҳои бузурги «Фурӯғи субҳи доноӣ..», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шуданд ва ин амалҳои нек мунтазам доир мешаванд, ки  дар саҳифаҳои навини таърихи миллатамон қиёс надоранд. Бояд зикр намуд, ки чунин чорабиниҳои илмию фарҳангӣ  дар кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ва  инқилоби фарҳангиеро ба вуҷуд оварданд, ки дар  раванди шинохту эҳёи асолати миллии мо хусусияти бузурги таърихию сиёсӣ доранд. 

Дар баробари ин, Пешвои миллат дар ироаи Паёми соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буданд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору  созанда ба шумор мераванд.

Дарвоқеъ чунин андешаронӣ  дар шинохти миллӣ   ва  ҳувияти ватанхоҳӣ  самимияту  ихлосмандиеро  ба миён овардааст, ки  дар Рӯзи Президент  бояд  ёдоварӣ  карда шавад.

Президенти кишвар барои рушду нумӯи илми тоҷик заминаи боэътимоди таълиму тарбияи миллӣ ва таҳқиқоти илмиро таҳким бахшида, ба  Академияи илмҳои Тоҷикистон мақоми  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мушарраф гардониданд.  Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишварамон зиёда аз 36 донишгоҳу донишкада ва 64 коллеҷ бунёд гардиданд. Дар тамоми гӯшаву канори дурдасти Тоҷикистони азиз чандин иншооту мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шудаанд.

Ҳамин аст, ки  сиёсати пешгирифтаи илмию фарҳангии Президенти кишвар имрӯз намунаи беҳтарини дастгирии илму маърифат мебошад, ки барои мустаҳкам намудани пояҳои маънавии худшиносӣ ва ҳувияти милли заминаи воқеӣ  мегузорад. Дар ин росто дастоварду арзишҳои ниёгон, китобдорию маорифпарварӣ, комёбиҳои қадимаи шаҳрдорӣ, ҳунармандӣ бузургтарин нишонаҳои соҳибтамаддун будани миллати тоҷик мебошанд, ки дар хотираи таърихии мардумони мо нақши абадӣ доранд.

Аз ин рӯ, замоне ки мо дар бораи   Рӯзи Президент  ҳамчун ҷашни ифтихормандию самимият сухан меронем, пеши назарамон хизматҳои бесобиқаи Ҷаноби Олӣ  пайдо мегарданд. Мавриди зикр  аст, ки ташаббусҳои Президенти кишвар ҳамчун Сарвари сиёсӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба пешниҳодҳои илмию амалӣ беназиранд. Аз ин рӯ, дар Рӯзи  Президент — ҷашни  пурифтихори миллиамон  мехоҳам  иқдомҳои беназири Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба хотири омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни халқи тоҷик на танҳо дастуру ҳидояти фарҳангӣ, балки ҳамчун рамзи бузургию пос доштани хотираи таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ  ба мардуми  тоҷик шодбош гӯям!

АКС: АМИТ “Ховар” 

Меню: