Шурои олимон

Рӯзи 25 декабри соли 2020 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АМИТ дар соли 2020
2. Оид ба натиҷаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Консепсияи инноватсионии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: асосҳои назариявӣ, муаммоҳо ва самтҳои амалисозии он»
3. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии ИИваД АМИТ барои соли 2021
4. Масъалаҳои ҷорӣ
1. Ҳамчун муассисаи пешбар (тақриздиҳанда) баромад намудани Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ барои ҳимояҳои илмӣ
4.2. Тартиби қабули довталабон ба докторантураи анъанавӣ

 DSC_0001

Семинари илмӣ-методологӣ

Рӯзи 16-уми декабри соли 2020 дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки ходимони илмии муассисаҳои илмии назди АМИТ семинари илмӣ-методологӣ баргузор гардид, ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Иқтисодиёти миллӣ ва заминаҳои рушди он дар замони муосир» баромад намуданд.

DSC_0006

DSC_0019

Шурои олимон

Рӯзи 11 декабри соли 2020 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалахои зерин иборат буд.
1. Дар бораи вазъи тайёр намудани кадрҳои илмии баландихтисос тавассути аспирантура ва докторантураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
2. Таҳлили илмии рафти иҷрои бандҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
3. Тасдиқи мавзӯъҳои унвонҷӯёни дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодии соли аввали таҳсил дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
4. Масъалаҳои ҷорӣ
4.1. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи илмии сарходими илмии шуъбаи таҳқиқотҳои назариявӣ, таърихи иқтисод ва афкори иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродов Л.Ҳ. «Республика Таджикистан в системе мирохозяйственных связей: модель малой открытой экономики»

IMG_20201211_110228_1

Мизи мудаввар

Рӯзи 04 декабри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳолат ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисоди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

DSC_0022

Ҳамзамон, дар кори мизи мудаввари мазкур муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Риозода Нуралӣ, Исомиддинзода Солор Аловиддин – сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал, Зоиров Акмал Аҳмадҷонович – муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал ва дигар шахсони даъватшудаи Кумита иштирок ва баромад намуданд.